ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТОШКЕНТ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТОШКЕНТ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
19
0


Бо ибтикори Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон таҳти унвони  “Забон – ойинаи миллат” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раисон ва фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷикони шаҳру вилоятҳо, аҳли адабу фарҳанг, журналистон, донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳо ширкат карданд.
– Забон барои ҳар қавму миллат воситаи гуфтугӯ ва муошират мебошад. Ин ба мардуми тоҷиктабори Ӯзбекистон низ, ки аз рӯи нуфус баъди ӯзбекон дар ҷои дуюм ҳастанд, тааллуқ дорад. Дар Ӯзбекистон барои рушди забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо ин забон дар шабакаҳои садову симо ва бархе аз вилоятҳо намоишҳои телевизиониву гуфторҳои радиоӣ пахш мешаванд, барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ китобҳои дарсӣ ба нашр мерасанд, рӯзномаҳо интишор меёбанд, дар бархе аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ гурӯҳҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд, – изҳор намуд раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова. 
Вай афзуд, ки забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мақому манзалати хос дорад ва ҳар сол ин ид бошукӯҳ таҷлил мегардад. Гуландом Субҳонова ин байтҳоро қироат кард:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед!

– Баргузории чунин маҳфилҳои доманфарох дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баёнгари он мебошад, ки ба забони тоҷикӣ дар ин марзу бум эътибори хос зоҳир карда мешавад. Дӯст доштани забони модарӣ аз тарафи соҳибзабонҳо корест бошараф ва ифтихорманд. Ҳувайдост, ки тоҷикони Ӯзбекистон дар роҳи ҳифз ва рушду такомули забону фарҳанг ва анъанаҳои суннатӣ ҳамеша садоқат зоҳир мекунанд, – гуфт Абдуҷаббор  Раҳмонзода.
Дар идома адабиётшинос Султонмурод Олим гуфт, ки мардуми  Ӯзбекистону Тоҷикистон дӯстону бародарони қаринанд, касе онҳоро аз ҳам ҷудо карда наметавонад. 
– Ман ба ин забони нобу ширин осори гаронбаҳои алломаҳои бузургро мехонам. Ин забоне мебошад, ки донистани он барои мо – адабиётшиносон, хеле муҳиму зарур аст. Дар акси ҳол аз маъниҳои зиёди осори гузаштагонамон бехабар хоҳем монд, – гуфт Султонмурод Олим.
Дар чорабинӣ маросими муаррифии ду китоб – “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ ва “Фарёди сукут”-и Абдулло Субҳон сурат гирифт. Ин китобҳоро Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба нашр расондааст. Зикр шуд, ки то ин замон бо маблағҳои аз тариқи грант бадастовардаи Маркази тоҷикон китобҳои “Достонҳои Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода, “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзода, “Ман намемирам”-и Лоиқ Шералӣ, “Шабгард”-и Паймон ба табъ расида, ба марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таълимии тоҷикӣ тақдим шудаанд. 
Як гурӯҳ шогирдони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо забони тоҷикӣ дар  васфи  забони  модарӣ,  Ватан-Модар,  дӯстиву  рафоқат ва бародарӣ шеърҳо қироат карданд. Чорабинӣ бо суруду оҳангҳои дастаҳои ҳунарии “Офтоби  суғдиён”-и шаҳри Бухоро ва “Ситора”-и вилояти Тошкент ба анҷом расид.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив