БОЗОРИ СУҒУРТАИ КИШВАР ВА КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ TA CONSULT
Дар доираи кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки аз ҷониби гурӯҳи TA Consult татбиқ мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари департаменти амалиётии БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев ва коршиносони байналмилалӣ, роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии кишвар, инчунин, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст, мизи мудавварро намояндаи БАТР Ҷаҳонгир Шамсиев оғоз намуд ва ёдовар шуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳиму аввалини БАТР дар соҳаи суғурта маҳсуб мешавад ва барои таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Сипас, роҳбари гурӯҳи кории TA Consult Марианна Лемикс-Сарамандич дар назди ҳозирон бо маъруза таҳти унвони “Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта” баромад намуда, бо таҳлили амиқ вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи кишварро баррасӣ кард. Ҳамчунин, номбурда таваҷҷуҳи иштирокдорони бозори суғуртаро ба муҳокима ва таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди бозори суғурта, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои рушди бозори суғуртаву раванди назорати он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон равона карда шудааст, ҷалб намуд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода роҷеъ ба вазъи бозори суғурта ибрози назар намуда, зикр кард, ки суғурта дар ҷаҳони муосир яке аз бахшҳои муҳими низоми молиявӣ маҳсуб мешавад ва он имрӯз бо роҳнамоиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои мақоми назорати суғуртавӣ ва ҳамкории судманди ташкилотҳои суғуртавии кишвар рушд менамояд.
Махсусан, зикр гардид, ки ҳисоботи мазкур баҳри густариши рушди бозори суғуртаи кашвар бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР аз ҷониби коршиносони гурӯҳи TA Consult омода шудааст, ки минбаъд дар таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта истифода мешавад ва он дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Тазаккур дода шуд, ки ҳисоботи таҳияшудаи коршиносони байналмилалӣ мустақил буда, дар баробари инъикоси вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дастовард ва мушкилоти мавҷудаи соҳаро дар бар мегирад. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти ҷойдошта тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода гарданд.
Дар фарҷоми ҷаласа оид ба ҷанбаҳои мухталифи рӯнамоии “Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта”, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии гурӯҳи TA Consult омодаву пешниҳод шуд, миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифт ва иштирокдорони мизи мудаввар ҷиҳати беҳтар кардани вазъи бозори суғурта, саҳми он дар рушди иқтисоди мамлакат пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, ”Ҷумҳурият”