ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ  ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ  ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
8
0


Таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, доир гашт. 
Дар иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. 
Вакилон рафти амалишавии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.  


БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ҲАМКОРИҲО БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН
Ҳангоми иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷӣ ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон иброз доштанд. Дар ин замина, зарурати истифодаи имконияти фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид шуд.


НАШРИ ИТТИЛООТИ ТАЪҶИЛӢ ОИД БА ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ КИШВАР
Аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи иттилоотӣ оид ба  вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба нашр расид, ки субъектҳои Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро дар бар мегирад.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ ҷараёни инкишоф аз рӯи моҳҳои соли равон ва гузашта оварда мешаванд. 
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ давоми  моҳҳои январ-августи соли равон иттилооти мукаммал пешниҳод гардидааст.


НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TAJBUILD-2023» ДАР ДУШАНБЕ
Дар Душанбе аз 12-ум то 15-уми октябр Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад. 
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Намоишгоҳ беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Россия, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуда,  масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъмориро ба маъраз хоҳанд гузошт. 
Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмон мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкориҳои нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.


НАШРИ НАВИ КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, ворид мешаванд. Ҳамчунин, баъзе намуди набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоб хориҷ мегарданд.
Чунин гуфта шуд зимни ҳамоише, ки дар Душанбе бо ташаббуси ноширони Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар он беш аз 40 олим, мутахассис ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив