ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
15
0


МАШҒУЛИЯТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ 
Дар Осорхонаи миллӣ машғулияти байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (Collasia 2023)» дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст шуд. 
Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ Веббер Ндоро иброз намуд, ки ин машғулиятҳо саводнокии иштирокчиёнро баланд мебардоранд. 
Дар доираи машғулияти байналмилалӣ мутахассисони ботаҷриба аз Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба иштирокдорон дарс доданд.


«АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ – КАШШОФИ АСРОРИ ТАБИАТ»
 Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти ҳамин унвон бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории симпозиум, баррасии ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Иштирокдорон дар мавзуъҳои «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ», «Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм», «Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир» ва амсоли инҳо  маъруза намуданд.


НАМОИШИ НУСХАҲОИ ДАСТНАВИСИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Ганҷи саодат»  дар Осорхонаи миллии  Тоҷикистон намоиши ҷашнии нусхаҳои дастнависи осори ин шоири ғазалсарои оламгир ифтитоҳ гардид.  Дар он намунаҳои гуногуни нусхаҳои дастнависи девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ ба намоиш гузошта шуданд. 
Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола 12-уми октябр  Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мегардад. Дар робита ба ин, бори нахуст дар кишвар намоиши нусхаҳои дастнависи осори ин адиби оламшумул доир мешавад.
Намоиши «Ганҷи саодат» то  20-уми октябр идома меёбад.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив