ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12 октябр 2023, Панҷшанбе
14
0


ТАСС. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин,  аз 17 то 18-уми октябр дар Пекин сеюмин Анҷумани байналмилалии “Як камарбанд – як роҳ” баргузор мешавад, ки дар маросими ифтитоҳи он  Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат хоҳад кард. Дар ҷараёни чорабинӣ мулоқоти дуҷониба бо раҳбарони кишварҳои дигар низ баргузор хоҳанд шуд.

SNG.Today. Ҷаласаи 21-уми Кумитаи иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ аз 13 то 17-уми ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад.

EurAsiaDaily. Александр Бортников, директори Хадамоти амнияти федералии Россия, дар ҷаласаи Кумитаи миллии зиддитеррористӣ изҳор дошт, ки дар ҳудуди Қафқози Шимолӣ фаъолшавии созмонҳои террористии байналмилалӣ ва афзоиши таҳдидҳо дар заминаи гузарондани амалиёти махсуси низомӣ сабт шудаанд.

Анадолу. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар суҳбати телефонӣ бо  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттерриш тадбирҳоеро, ки метавонанд дар чаҳорчӯби муноқишаи Исроил ва Фаластин андешида шаванд, баррасӣ ва имкони интиқоли кумакҳои башардӯстонаро ба минтақа  тавассути талошҳои миёнҷигарии Туркия арзёбӣ намуданд.

Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив