БА ТАСВИБ РАСИДАНИ СОЗИШНОМАИ БАЙНИҲУКУМАТӢ
Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор гардид.
Дар он Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз даромад ва молу мулк ва якчанд қонунҳо ба тасвиб расиданд. Дар ин бора ба мо аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО ҲАМТОИ ЭРОНИАШ
Дар ҳошияи ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Меҳди Сафарӣ доир гашт.
Дар рафти мулоқот тарафҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 баргузор гашт.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳафт барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023, ҷараёни иҷрои 25 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориши муфассал ирсол шуд.
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 15 ШАҲРУ НОҲИЯ НАҚШАРО ИҶРО КАРД
Давоми даҳ рӯзи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинигардида 55,4 дарсад иҷро гардида, 15 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи он гузориш дод.
Вазорати мудофиа иттилоъ додааст, ки мақомоти вобастаи даъват дар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, ВМКБ аввалин шуда, аз иҷрои пурраи нақшаи даъват баромад. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон беш аз 60, шаҳри Душанбе 45 ва вилояти Суғд 43 дарсадро ташкил медиҳад.
Аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ, нақшаро иҷро намуданд.
31 МУАССИСАИ КУМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРӢ ДАР ЯК СОЛ
«Давоми соли равон барои беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 31 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта шуда, дар 77 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд», – таъкид шуд дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар нуҳ моҳ бинои 84 муассиса аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 96-тои дигараш таъмир идома дорад. Дар ҷаласа, инчунин, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони чашм дар муассисаҳои тандурустии мамлакат, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
ВУСЪАТИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲАҲО ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ТЕХНИКӢ
Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ дар доираи Барномаи минтақавии «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» ба имзо расид.
Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад, санади мазкурро раиси Кумита Б.Шерализода ва намояндаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ П.Даниел имзо намуданд. Ҳадафи Барнома беҳтар кардани иқлими фаромарзӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.