ХАБАРҲО АЗ ХАТЛОН
МАКТАБИ САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав раванди таълимро аз рӯйи 71 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба роҳ мондааст.
Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳ, зикр кард, ки дар соли таҳсили 2021-2022 хатмкунандагон 3615 нафарро ташкил доданд. 39 нафар соҳиби дипломи аъло гардид.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн амалӣ мешавад. Раёсати Донишгоҳ то имрӯз барои гузарондани таҷрибаи таълимӣ-истеҳсолӣ бо зиёда аз 70 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, инчунин, 32 муассисаи таълимии шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониён, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарордод ба имзо расондааст.
Бо ибтикори раёсати Донишгоҳ моҳи январи соли 2023 Маркази омӯзиши илмӣ-таҳқиқотии “Мактаби сарварии Пешвои миллат” ба фаъолият шуруъ намуд, ки омӯзгорону донишҷӯён бо ин марказ ҳамкорӣ доранд.
Дар соли 2022 омӯзгорону донишҷӯён дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол намуда, соҳиби 18 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
ҚАРОРҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДОИР БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН
Дар соли 2022 ба прокуратураи вилояти Хатлон дар маҷмуъ, 9 ҳазору 37 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки аз ин 37,3 дарсад вобаста ба замин мебошад.
А. Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3, зикр кард, ки дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин аз натиҷаи 137 санҷиш оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 1 ҳазору 859 санади прокурорӣ бароварда шуд. Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 5 ҳазору 61 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуданд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум 516 гектар зиёд мебошад.
Дар рафти санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ба 401 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон эътироз оварда шуд, ки қисми зиёдашон ба масъалаҳои замин алоқаманд ҳастанд.
ЗАРАР АЗ КИРДОРҲОИ КОРРУПСИОНӢ – БЕШ АЗ 7 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар соли гузашта 396 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидоштаро ошкор кардааст.
Ба иттилои сардори раёсати мазкур генерал-майори адлия Карим Иброҳимзода, аз ин шумора 158 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Маблағи зарар 7 миллиону 144 ҳазору 860 сомонӣ буда, то охири соли 2022-юм 4 миллиону 241 ҳазору 909 сомонӣ рӯёнда шуд.
Баҳри бартараф кардани сабабу шароитҳои ба содир кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ба унвонии роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо 509 пешниҳод, 75 дастури хаттӣ ирсол гаштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)