Рафти ҷамъоварии сабзавот ва полизӣ
Дар асоси маълумоти фаврии раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба ҳолати 10-уми октябри соли равон дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт шудааст.
То санаи зикршуда аз майдони 40330 гектар 1281738 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 318 сентнер баробар гашт. Аз ҳосили ҷамъоваришуда пиёз 617748 тонна, карам 47222, помидор 243438, бодиринг 116182, сабзӣ 129374 ва дигар сабзавотҳо 127774 тоннаро ташкил медиҳад. Дар майдони умумии 33523 гектар картошка кишт шудааст. Майдони ҷамъоваригашта 27394 гектар буда, аз он 632566 тонна картошка рӯёнда шуд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 231 сентнер расид.
Тибқи маълумоти фаврӣ, дар хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт шуд. Дар ин давра аз майдони 19513 гектар 634872 тонна полизӣ ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 325 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии хӯроки чорво
Таъминоти чорво дар фасли сармо бо хӯрока ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки дар ин давра самти фаъолияти чорводорон, асосан, баҳри захираи барзиёди хӯрокаи чорво равона мегардад.
Бинобар ин, тибқи дурнамои раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҷамъоварӣ ва захираи 2295760 тонна хӯроки дурушт ва 103222 тонна хӯроки ширадор пешбинӣ шудааст.
Ба ҳолати 6-уми октябри соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии кишвар 2217899 тонна хӯроки дурушт ва 61112 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ гардида, ин раванд ҳоло идома дорад.
Баргаштани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба зимистона
Дар баробари фарорасии фасли сармо масъулияти чорводорон низ дучанд меафзояд. Хусусан, захираи барзиёди хӯрока ва бо мавзеи мусоид таъмин намудани чорво аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад.
Бино ба маълумоти фаврии раёсати болозикр, дар ин давра 1419 рама, 1551106 сар моли майда, 85592 сар чорвои калон ва 7737 сар асп аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона баргаштанд. Баргашти чорво идома дошта, таҳти назорати масъулон қарор дорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”