ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » В М К Б.  АГАР ХАТСАЙРҲОИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ БАРҚАРОР ШАВАНД...

В М К Б.  АГАР ХАТСАЙРҲОИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ БАРҚАРОР ШАВАНД...

26 октябр 2023, Панҷшанбе
38
0


Чанд сол аст, ки  ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  парвози тайёраҳо қатъ шуд. Бори охир кормандони  фурудгоҳи шаҳри Хоруғ  иттилоъ дода буданд,  охирин  тайёрае, ки дар ин хатсайр гоҳо ( баъди таъмири тулонӣ)  парвоз мекард, яъне  Ан-28,  фарсуда шуда, аз кор баромад.

Аммо солҳои пеш дар ин хатсайр тайёраи  Як-40 парвоз мекард. Ҳатто дар мавсими  тобистон то 15-16 маротиба мусофиронро аз маркази вилоят ба шаҳри Душанбе меоварду мебурд, ҳафтае чанд маротиба ЯК-40  байни шаҳрҳои Хоруғу  Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва  Хуҷанд парвоз мекард. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳам бо вуҷуди  буҳрони шадиди молиявию  иқтисодӣ Як-40 дар ин масир парвоз мекард. Дар хатсайрҳои байни ноҳияҳо ва  маркази ҷумҳурӣ  ҳавопаймоҳои  Ан-2 дар парвоз буданд.
Аммо ... якбора  тайёраҳои  Як-40 барои серхарҷ ва аз ҷиҳати  молиявӣ барои корхона  зараровар ва шояд бо сабаби истифодаи тулониву таъмирталаб  буданашон аз хатсайр баромаданд. Ҷойи Як-40-ро тайёраҳои Ан гирифтанд, ки хизматрасонии онҳо ҳам дар хатсайрҳои ҳавоии  самти  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  дер давом накард. Ба гуфтаи ҳолдонҳо, охирин тайёраи қобили парвози Ан-28 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба иҷора гирифта шуда буд ва он ҳам барои таъмир аз хатсайр гирифта шуду дигар барнагашт. Ҳамин тавр, чанд сол боз дар  ВМКБ хатсайри ҳавоии мусофиркаш вуҷуд надорад. Ду сол пеш овозае паҳн гашта буд, ки  ширкатҳои ҳавоии ватанӣ тайёраеро ёфтаанд, ки барои парвоз дар шароити кӯҳистон мувофиқ аст ва хатсайр барқарор мешавад. Чунин як тайёра, дар ҳақиқат, ҳашт моҳ пеш дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ нишасту бозпас парвоз кард. Гуфтанд, ки тайёраро дар  хатсайр аз санҷиш гузаронданд, акнун давоми се-чор моҳ масъалаи дастрас кардани он ба ширкати  ҳавоии кишвар ҳаллу фасл мегардад.  Сокинони шаҳру навоҳии вилоят изҳори умедворӣ карданд, ки акнун хатсайрҳои ҳавоии вилоят фаъол мешаванд ва ниёзмандон дар як соат ба маркази кишвар хоҳанд расид. Аммо  боз моҳҳо  пушти сар шуданду эҳёи  хатсайр ҳамоно бедарак! 
Саволе матраҳ ин аст, ки чаро  хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ дар кишварамон ба чунин мушкилот мувоҷеҳ аст?  Масъулон дар ин бобат чӣ андеша доранд?   Оё дар ин рӯзу моҳу соли наздик  сокинони  минтақаҳои кӯҳии кишвар  ба оғози парвози тайёра дар  хатсайрҳои ҳавоӣ умед баста метавонанд? Чаро нархи парвоз дар хатсайрҳои ширкатҳои ватанӣ нисбат ба  кишварҳои  ҳамсоя қиматтар аст? Ин ҳама саволҳоест, ки аз масъулон посух мехоҳад.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив