ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АКАДЕМИЯИ ВАО  МАЛАКАИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ СОҲАВИРО ТАКМИЛ МЕДИҲАД

АКАДЕМИЯИ ВАО  МАЛАКАИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ СОҲАВИРО ТАКМИЛ МЕДИҲАД

27 октябр 2023, Ҷумъа
36
0


Аз 23-юми октябр дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар мавзуи молиявию иқтисодӣ (молия, бонк, андоз, суғурта, ҷалб ва идораи сармоя) машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид, ки то 7-уми ноябр идома меёбад. 
Мақсади асосии барнома тақвияти дониши рӯзноманигорони самти молиявию иқтисодӣ маҳсуб ёфта, дар ҷараёни омӯзиш машғулиятҳои амалӣ, аз қабили сабт, наворбардорӣ ва танзимӣ шабакаҳои телевизионӣ гузаронда мешавад. Иҷрои корҳои амалӣ бо назардошти риояи вақти ҷудошуда сурат гирифта, сатҳу сифати корҳо натиҷагирӣ карда мешаванд.
 Илова бар ин, шунавандагон тарзи муошират, роҳҳои муосири ташкилу гузаронидани вохӯриҳо, боло бурдани маҳорати ровигӣ, истифодаи унсурҳои ҷолибсозии барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва таҳияи барномаҳои алоҳидаву сабту танзими онҳоро меомӯзанд. 
Дар барнома, инчунин, мавзуъҳои вобаста ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти буҷети давлатӣ ва нақши он дар инкишофи иҷтимоию иқтисодии давлат, асосҳои сиёсати молиявӣ, қарзи давлатӣ ҳамчун шакли муносибатҳои қарзӣ, назорати андоз ва намудҳои он, таснифоти муносибатҳои суғуртавӣ, намудҳои амалкунандаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва амсоли инҳо мавриди таълиму омӯзиш қарор мегиранд.
Бо анҷоми курси омӯзишӣ сатҳи дониши шунавандагон доир ба мавзуи мавриди назар тариқи пурсиши шифоҳӣ ва электронӣ муайян ва  фаъолон соҳиби сертификати МД “Академияи ВАО- и Тоҷикистон” мегарданд.

Руҳафзо МУРОДОВА,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.10.2023 №: 213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив