ДЕВАШТИЧ. БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №25 БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода мешавад, бино дуошёна буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ мегардад. Дар ошёнаи якуми он чор синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор, дар қабати дуюм бошад, ҳуҷраи муаллимон ва синфхонаҳо ҷойгиранд. Муассиса бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла компютеру принтерҳо, таъмин аст. Ҳамзамон, дар ҳудуди қитъаи замини Муассиса анбор ва дегхона барои таъмини Муассиса бо гармӣ бунёд ёфтаанд.
Тибқи маълумот, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар Муассисаи таълимӣ 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳад.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215