ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАЙДАР САФИЕВ.  ОЛИМЕ, КИ РӮЗГОРАШ БАРОИ ИБРАТ АСТ!

ҲАЙДАР САФИЕВ.  ОЛИМЕ, КИ РӮЗГОРАШ БАРОИ ИБРАТ АСТ!

21 феврал 2023, Сешанбе
71
0
Ҳайдар Сафиев соли 1972 Донишгоҳи техникии шаҳри Киевро бо ихтисоси муҳандис – химик – технолог бомуваффақият хатм намуда, аспирантураи Донишгоҳи мазкурро соли 1977, ҳамзамон, бо ҳимояи рисолаи номзади илмҳои техникӣ анҷом бахшидааст.
Мавсуф тули фаъолияти илмӣ - эҷодӣ ва меҳнатиаш дар вазифаҳои масъулиятноки судманд барои рушди илму иқтисодиёти ватанӣ ба ҳайси мудири кафедраи ДДК кафедраи илм ва технологияи Мактаби олӣ ва махсусан олии назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, лабаранти Институти химияи ба номи В. И. Никитин АМИТ, ҷонишини сардори шуъбаи алюминийи Ширкати "Алюминийи тоҷик", шуъбаи об ва экологияи АМИТ, аз соли 2001 то соли 2005 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва аз соли 2009 директори муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии металлургии Ширкати "Алюминийи тоҷик" буд.
Ҳайдар Сафиев, воқеан, ҳам олими маъруф ва муҳаққиқу кашшофи барҷастаи соҳаи металлургия ва маъдани партовҳои Заводи алюминийи тоҷик, ки мавзуи рисолаи докторияш буд (1997), ба соҳаи мазкур миллионҳо сомонӣ овард. Барои кашфиёту дастовардҳои беназири илмию меҳнатиаш бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника соли 2001 мушарраф гардидааст. Ӯ муаллифи китобҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ мебошад.
Ҳайдар Сафиев 20 январи соли 2023 дар синни 73  - солагӣ оламро падруд гуфт. Агарчи аз дидаҳо рафта, дар дил мондааст. Бо ёди хидматҳои бузургаш дар илму истеҳсолот, фикр мекунам, ки ҳамеша зинда аст. Рӯзгору кораш, воқеан, намунаи ибрат буд.
 
Абдулло ХОЛИҚОВ
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив