ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҚИТЪАИ ИЛМ». ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МОСКВА САЗОВОРИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД

«ҚИТЪАИ ИЛМ». ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МОСКВА САЗОВОРИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
41
0


Дар Академияи илмҳои Русия Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи бузург «Қитъаи илм» баргузор гардид, ки дар он олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ иштирок намуданд.  

Се нафари онҳо – корманди Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши «Ҳифзи мерос» Саидҷалол Ҳафизов сазовори ҷои аввал гардида, ходими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Некбахт Дороншоев дар бахши «Ҳифзи мерос» ва корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Парвина Сайдалиева дар бахши «Амнияти озуқаворӣ» (илмҳои кишоварзӣ) ҷои сеюмро гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар Форуми имсола, инчунин, олимони ҷавони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Ветнам, Индонезия, Покистон, Сербия, Венгрия, Эфиопия, Миср ва Сурия ширкат варзиданд.
Боиси тазаккур аст, ки соли равон олимон дар Форум дар бахшҳои «Зеҳни сунъӣ» (математика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ), «Физика» (нанотехнология, технологияи квантӣ), «Химия ва маводшиносӣ», «Насли солим» (технологияҳои биологӣ ва тиббӣ, иқлим ва экология), «Амнияти озуқаворӣ» (илмҳои кишоварзӣ) ва «Ҳифзи мерос» (илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ) дониши хешро санҷиданд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда низ олимони ҷавони тоҷикро ҷиҳати иштирок ва муаррифии дастовардҳои илмӣ ба ин гуна форумҳо ҷалб менамояд.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»


“АЗ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БУДАНАМ ИФТИХОР ДОРАМ”
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор мекунам»-ро доир менамояд. 

Дар иртибот ба ин, дар кохи «Суруш» барномаи фарҳангии бошукӯҳ ва маросими супурдани шиносномаҳо ба шаҳрвандоне, ки нахустин маротиба соҳиби ин ҳуҷҷат мешаванд, баргузор гардид. 
Мақсад аз роҳандозии ин иқдом, боз ҳам  баланд бардоштани ҳисси миллатдӯстӣ ва меҳанпарварӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба таърих, конститутсия ва волоияти қонун мебошад.

Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив