ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  РУШДИ ПОЙТАХТ РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

ДУШАНБЕ.  РУШДИ ПОЙТАХТ РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

22 феврал 2023, Чоршанбе
150
0
 
Қалби Тоҷикистони азиз – шаҳри Душанбе тайи чанд соли охир бо роҳбарии дастпарвари мактаби давлатдориву ватандӯстии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷавону созанда Рустами Эмомалӣ дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Имрӯз симои пойтахт нисбат ба як даҳсолаи пеш ба таври шинохтанашаванда зебо шуда, макони сайру сайёҳати ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ гаштааст. Ҳамаи ин дастовардҳо баракати Истиқлоли давлатӣ, дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои бунёдкоронаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ маҳсуб меёбанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо давоми соли 2022 иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст.
 
МММ БА БЕШ АЗ  22 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар ин давра маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 22,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 дарсад ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 19,5 дарсадро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол 102,5 дарсад, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва қоғаз 123,2 дарсад, истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ 2,6, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 дарсад афзоиш ёфт.
Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин, дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат  (2022 – 2026) бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд.
 
ТАЪСИСИ 13 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР  ДАР НАЗАР АСТ
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра яке аз иншоотҳои муҳими ҷашнӣ – «Майдони Истиқлол» ба маблағи беш аз 1,2 миллиард сомонӣ бунёд гардида, дар арафаи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор дода шуд ва дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани  корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022 – 2026 дар шаҳр тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ, бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
 
ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО  ИДОМА ДОРАНД
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 11 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 23,7 километр, 1 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 истгоҳи нақлиётии замонавӣ ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бо ташаббуси раиси шаҳр дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км бомаром идома дошта, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
 
МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ  БОҚӢ МЕМОНАД
Маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ мегарданд.
 
Дар шаҳр 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 31471 тарбиятгиранда ва 1825 мураббия фаъолият дорад.
Дар баробари ин, 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо фарогирии 274920 хонанда фаъолият менамояд.
Дар ин давра 360 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 1087 хонанда дар олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Инчунин, дар доираи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» 627 довталаб иштирок намуда, 76 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд.
 
8215 МЕДАЛ АЗ  МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ
Дар пойтахт дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон ва рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 2824 чорабинӣ бо фарогирии 746,6 ҳазор нафар гузаронда шуд.
Дар шаҳр 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онҳо 203 мураббии дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5366 варзишгар дар 343 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар ин давра дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 8215 медал (2937 тилло, 2592 нуқра ва 2686 биринҷӣ) гардиданд.
Дар ин давра Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳҳои ҳудуди пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди минтақаҳои Осиё баргузор гардид.
 
ҲАМА ДАР ОБОДИИ ПОЙТАХТ  БОЯД САҲМ ГУЗОРЕМ!
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронда шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ чораҳои зарурӣ меандешад.
– Вазифаҳои азими созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар водор месозанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ кору пайкор намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанберо боз ҳам обод намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем, – илова карданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив