ДМТ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ 75-СОЛАГӢ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии ин махзани илму маърифат, бо иштироки меҳмонон аз дохилу хориҷи мамлакат, ҳайати устодони собиқадор, омӯзгорону донишҷӯён ва муҳаққиқон Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Илм ва таҳсилот: тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ» баргузор гардид.
Ректори муассиса Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давоми фаъолияти пурсамар баҳри рушди ҳаёти илмию адабӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат нақши бориз гузоштааст. Дар ин росто, месазад иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овард, ки чунин таъкид намудаанд: «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги мамлакати соҳибистиқлоли мо нақши хоса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки дар он хатмкардагони Донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд».
Баъдан, масъулони сохторҳои гуногуни давлатию илмӣ- таълимӣ, аз ҷумла ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, намояндагони донишгоҳҳои Беларус, Тула ва сафирони фавқулода ва мухтори Беларус ва Ҳиндустон дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки Конференсия дар се бахш: «Ҳолати кунунӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ», «Ҷанбаҳои рушди илмҳои иқтисодӣ: назария, методология, амалия» ва «Масоили мубрами илмҳои гуманитарӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ» баргузор шуд.
Латифабону РУСТАМЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)