ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. ПАЙКАРАИ РАМЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, яке аз минтақаҳои таърихии Роҳи бузурги Абрешим маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, раёсати кишоварзӣ ва чорводорони маъруфи шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси зиёди моддиву фарҳангии халқи тоҷик, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, ба Феҳристи ташкилотҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид шуд. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ низ аз ин ҷумла маҳсуб меёбад, ки дар идоракунии захираҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Идеяи гузоштани рамзи “Гӯсфанди ҳисорӣ” дар ҳудуди ватани аслиаш – водии Ҳисор зимни андешаронии олимон тавлид шуд. Барои сокинони шаҳри Ҳисор боиси ифтихор аст, ки пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки дар асри VI мелодӣ бо усули селексияи халқӣ дар ҳамин сарзамин офарида шудааст, дар маркази ин водӣ гузошта шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»