ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».  ҶОИЗАДОРИ “ҶУМҲУРИЯТ” СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».  ҶОИЗАДОРИ “ҶУМҲУРИЯТ” СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД

17 ноябр 2023, Ҷумъа
56
0


Имсол Шукрона Тоҳирӣ, донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуд.  Ӯ барои ба даст овардани пирӯзӣ, бо 10 иштирокдоре, ки ғолибони номинаҳои дигар буданд, қувваи зеҳнӣ озмуд ва муваффақияти калонро ба даст овард. Дар он лаҳзаҳои ҳассос, ки ровиён барандагони Озмунро рӯи саҳна мехонданд, аҳли толор бесаброна ғолиби Шоҳҷоизаро интизорӣ мекашиданд. Ҳамин тавр, бо эълон кардани соҳиби Шоҳҷоиза кафкӯбиҳои бардавом толорро пур карду ба истиқболи Шукрона ҳамагӣ аз ҷой бархостанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ин ҷавондухтари донишёр се сол қабл ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии рӯзномаи “Ҷумҳурият” – “Беҳтарин шеъри кӯдакона” буд ва роҳро ба минбарҳои бузург аз рӯзномаи мо оғоз кардааст.
Маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 15-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, шарикони рушд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, шоирону нависандагон, падару модарони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гашт.
Раиси комиссияи Озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тазаккур дод, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронда мешавад.
Тавре зикр гардид, имсол дар даври ҷумҳуриявии Озмун 528 кас иштирок варзида, аз рӯйи 6 номина ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон доданд. Даври ниҳоии Озмун аз 30 октябр то 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе аз рӯи 6 номина – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва наср байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ба вуқуъ пайваст. Тибқи хулосаи доварони нуктасанҷ, 121 кас ғолиби Озмун дониста шуд. Аз ин шумора, 20 нафар ғолиби ҷойҳои якум буда, боқимонда сазовори ҷойҳои дуюму сеюманд. Ба гирандагони ҷойи аввал 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000, ҷойи сеюм 20 000 ва Шоҳҷоиза 70000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 
Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокдорони фаъол, хусусан, 26 пиронсолу ятим ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм, туҳфаҳои пулӣ қадр шуданд. Ҳамзамон, масъулон ба шаст падару модаре, ки дар тарбияи фарзандони пирӯзшуда саҳмгузоранд, нишони «Маърифатпарвар», ба омӯзгорони ғолибон нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»-ро супурданд.

Гулнисои САЪДОНШО, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 17.11.2023 №: 229-230
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив