ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВМКБ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 ноябр 2023, Чоршанбе
14
0


Бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Хоруғ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини якуми раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ифтитоҳ карда, ҳозиронро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон шодбош намуд. Зикр гардид, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, алалхусус сиёсати хирадмандона, пайгирона  ва  илман асосноки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба таври бесобиқа вусъати тоза пайдо кардаанд. Махсусан, пас аз иқдоми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани марҳалаи нави рушди вилоят ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят сармояи зиёд равона гардида, дар заминаи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аллакай, садҳо иншооти таъиноти гуногун таъсису бунёд ёфтанд ва ин раванд бомаром идома дорад. Ҳамаи ин ва дигар комёбиҳое, ки мардуми ВМКБ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба даст овардаанд, маҳз аз сиёсати одилона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд. 
Таъкид гардид, ки бо бунёди шоҳроҳ, пулҳо, таъмиру таҷдиди роҳҳои сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ имконият пайдо шуд, ки вилоят бо минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла бо пойтахти Тоҷикистони азиз – шаҳри Душанбе, робитаи мунтазам пайдо намояд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим оид ба хизматҳои шоёни Роҳбари давлат дар самти рушди соҳаи роҳнигоҳдорию коммуникатсия сухан карда, амалишавии барномаҳои давлатиро дар ин самт аз қадамҳои устувор дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар унвон намуд. Зикр шуд, ки танҳо дар амалишавии лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон бунёди 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ (438 метр), 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 200 лӯлаи обгузар ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ба масофаи 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст. Дар сохтмони ин қитъаи шоҳроҳ беш аз ҳазор сокини бумӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Ин қитъаи роҳ 109 километр дарозӣ дошта, баъди таҷдид 17 км кӯтоҳ мешавад. Ҳукумати мамлакат тасмим дорад, солҳои наздик бунёди қитъаи роҳи Рӯшон – Варшези ноҳияи Шуғнон ва Варшез – Кулмаро низ ба роҳ монда, гузаргоҳи Кулма – Қарасуро таҷдид намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҳозирини ҳамоишро ба Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо боз 6 техникаи нави роҳсозӣ ба муассисаҳои роҳсозии вилоят супурда мешавад.
      
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив