ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ БОНКДОРИИ МИЛЛӢ

ТОҶИКИСТОН. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ БОНКДОРИИ МИЛЛӢ

22 ноябр 2023, Чоршанбе
19
0


Гузориш аз ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фирӯз ба ифтихори таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алиҷон Салимзода ва кормандони Бонк иштирок намуданд.
Фирӯз Шарифзода ҳозиринро бо фарорасии санаҳои барои халқу миллати тоҷик сарнавиштсоз ва муҳим таҳният гуфта, иброз дошт: “Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумӣ якдилона ба мақоми Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маҳз аз ҳамин санаи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории миллӣ оғоз ёфта, 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон қабул гардид ва дар асоси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аксари кулли овозҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд”.
Зикр гардид, ки Рӯзи Президент бо кору пайкор ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад.
Дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 эълон шудани истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти мамлакат заминаи мусоид муҳайё гардид. Дар чунин марҳалаи сарнавиштсоз давлату миллат ба сарвари шуҷоъву далер ва хирадманду дурандеше ниёз дошт, то ки ӯ битавонад тақдири давлату миллатро комилан ба дасти худ гирифта, мамлакатро аз гирдоби фалокати низоъҳои дохилӣ наҷот диҳад ва ҳамрайъи ормону мақсадҳои мардум, ки дар Конститутсия баён гардидаанд, бошад. Хушбахтона, дар он рӯзгори ниҳоят сахту душвор маърифату дурандешии халқ вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи манфиатҳои миллӣ сарҷамъ оварда, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори тақдирсоз раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки, аллакай, саҳми бузурги худро ҳамчун вакил ва сиёсатмадор, бо хислатҳои баланди инсонӣ ва роҳбарию ташкилотчигӣ дар фаъолияти Шурои Олӣ ва ҳаёти сиёсии Тоҷикистон гузошта буданд, вогузор гардид.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид шуд, ки баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 31-солагии он таҷлил мешавад, дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарӣ расидан мардумро муттаҳид намуда, дар қалби пиру ҷавон шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро бедор ва халқро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Як нукта боиси зикр аст, ки бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор намудани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум, ки намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватану ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат гардиданд. 
Таърихи истиқлолияти давлатӣ гувоҳи он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи устуворгардонии рукнҳои давлатдории муосири кишвар, ҳамчун шахсияти барҷаста ва номбардори миллати тоҷик, дар вазъияти барои кишвар мураккабу ҳассос, роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, ваҳдату субот ва осоиши мардум, инчунин, мақому нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуданд. 
Маҳз бо ташаббусу дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ гардид. Дар таърихи 26-уми октябри соли 2000-ум Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30-уми октябри соли 2000 ба муомилот баровардани пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, қабул карда шуд. Фармони мазкур, ҳамчун эҳёи суннатҳои ниёгон ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди гузаштагону наслҳои оянда аҳамияти таърихӣ дорад. 
 Имрӯз пули миллии Тоҷикистон на танҳо василаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Метавон гуфт, ки пули миллӣ, ҳамчунин, рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, барои иқтисодиёти рӯ ба инкишофи ҷумҳурӣ воситаи боэътимоди муомилот хизмат менамояд.
Яке аз вазифаҳои муҳими кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии мамлакат андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи бештар устувор намудани боварии аҳолии кишвар ва давлатҳои дигар ба низоми пулию бонкии Тоҷикистон мебошад. 
Дар  ин  раванд,  яке  аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллӣ ва низоми бонкӣ барои давраи кӯтоҳмуҳлат ривоҷ додани низоми электронии пардохт ва фаъолияти босамари он, кортҳои пардохтӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии нави муосир мебошад, ки дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ривоҷ ёфтани иқтисоди рақамӣ хеле муҳим ба шумор меравад.
Сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳасани Султон ва намояндагонии Шурои ҷавонони Бонк дар мавзуи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ ва порчаҳои шеъриро аз эҷодиёти адибони намоёни тоҷик қироат намуданд.
Фирӯз Шарифзода изҳор дошт, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив