ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ.  21 ОИЛА СОҲИБИ МАНЗИЛИ НАВ ГАРДИД

ХОРУҒ.  21 ОИЛА СОҲИБИ МАНЗИЛИ НАВ ГАРДИД

24 ноябр 2023, Ҷумъа
23
0


Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 хоҷагии шаҳри  Хоруғ  соҳиби манзили нави истиқоматӣ гардид. Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои истиқоматӣ раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иштирок намуданд. 
Сохтмони бинои истиқоматии панҷошёна дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ моҳи июли соли 2022 оғоз ёфт. Бинокорони паймонкори бино – “Зафарсохтмон” тавонистанд корҳои сохтмониро хуб ба роҳ монда, онро  дар давоми каме бештар аз як сол ва бо сифати баланд анҷом диҳанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд. 
Раиси вилоят хоҷагиҳоеро, ки соҳиби манзили нав гардиданд, муборакбод гуфта, қайд кард, ки дастгирии соҳибкорону равнақи созандагиву ободонӣ маҳз аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат сарчашма гирифта, имрӯз маркази вилоят ба таври шинохтанашаванда дигар шудааст. 
Дар марҳилаи нави рушди шаҳри Хоруғ аз тарафи ширкатҳои хусусӣ сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, дар чанд гӯшаи шаҳр корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамчунин,  қомат афрохтани чандин биноҳои баландошёна дар маркази шаҳри Хоруғ шаҳодат аз ободонию бунёдкорӣ буда, заминаи хуб барои беҳбуд бахшидани зиндагии мардум мебошад.
Раиси вилоят, ҳамчунин, дар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази тиҷоратии “Чорбоғ” ширкат кард. Алишер Мирзонабот ба муассисони он ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид миннатдорӣ намуд. Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва пешниҳоди маҳсулоти хӯроквории хушсифат аз вазифаҳои асосии марказ  маҳсуб меёбанд.
Дар шаҳри Хоруғ,  ҳамчунин, 2,8 километр системаи чароғонкунии хиёбони марказӣ, 6 истгоҳи муосир ва 23 аёнияти шабона равшанидиҳанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси вилоят ба роҳбарият ва масъулони шаҳри Хоруғ супоришҳои иловагӣ дода, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҚАРЗӢ
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо фаъолияти назаррас ва нишондиҳандаҳои баланди молиявӣ  дар низоми бонкии кишвар яке аз бонкҳои низомсоз маҳсуб меёбад. Бонк тавассути 75 филиал ва 548 маркази хизматрасонии худ дар саросари мамлакат, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар ба аҳолӣ хизматрасонии гуногуни бонкиро пешниҳод менамояд. Дар баробари ин, ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти мамлакат Бонк ҳамкориҳои худро бо шарикони рушд дар самти ҷалби сармояи мустақим густариш дода, ба ин васила, барои дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба сокинони кишвар, бахусус соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ ва ширкатҳои ватанӣ, саҳми худро мегузорад.  

Боиси хушнудист, ки 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати ба имзо расидани боз як созишномаи нави қарзӣ, президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Сзюн бо як гурӯҳ мутахассисони сатҳи баланди Бонки мазкур ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ташриф оварданд. Дар рафти он, мулоқоти раиси раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Сзюн баргузор гардида, зимни дидор ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи байнибонкӣ, ки аз соли 2008 дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст, ёдовар шуда, ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми  15 соли ҳамкорӣ миёни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 миллион доллари ИМА, 1 созишнома оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва 1 Ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони “Амонатбонк”, ба имзо расид. Сипас, аз ҷониби раиси раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Сзюн боз як созишномаи нави қарзӣ ба маблағи 100 миллион юани хитоӣ имзо гардид.
Ҳадафи аслии имзо гардидани созишномаи қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин, соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин молу маҳсулот ворид менамоянд, иборат мебошад.
Тавассути ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Хитой  то ба имрӯз беш аз 81,5 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардида, дар ин замина, 74 лоиҳаи мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуданд.
 Аз маблағҳои мазкур 35 дарсади онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46 дарсад барои рушди соҳаи саноат ва 19 дарсад барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд. Инчунин, ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати кишвар бештар аз 6900 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” азм намудааст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони рушди хориҷӣ, таҳкими робитаҳо ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ фаъолиятро дар оянда низ ба роҳ монад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив