ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН КАРД

ХАТЛОН.  РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН КАРД

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
57
0


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69, ки дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон воқеъ аст, дидан кард.
Бинои нави Муассисаи таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ ва бо тарҳи замонавӣ барои 640 нафар хонанда дар ду баст бо маблағи 3 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Он аз 16 синфхона, хонаи омӯзгорон, ҳуҷраи кории директор, майдончаи варзишии замонавӣ иборат буда, айни замон дар ошёнаи якум корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳо дар табақаи дуюм бомаром идома доранд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки суръати корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ афзуда шавад ва дар амалӣ гардидани он, қабл аз ҳама, роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо, намунаи ибрат бошанд. Давлаталӣ Саид, инчунин, бо рафти коркарди ҳосили пахтаи соли 2023 дар корхонаи ҶДММ  “Ист Коттон НФР” шинос шуд.
Корхона дар гузашта ҶДММ “Эком” ном дошт ва соли 2012 дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст. Онро соли 2014 соҳибкори маҳаллӣ Тоҷиддин Абдуллоев харида, бо номи ҶДММ “Ист Коттон НФР” корро идома дод.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 30 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани он то 50 кас бо кори мавсимӣ таъмин гардид. Корхона аз ҳосили соли 2023 ба миқдори 1378 тонна пахта қабул намуда, 510 тонна нахи соф, 698,6 тонна пунбадона ва 26,8 тонна тибит истеҳсол кардааст. Аз ҳосили соли нав бошад, 2878 тонна пахта қабул намуда, ба ҳолати 1-уми октябр 169,5 тонна нахи пахта, 238 тонна чигит ва 13,4 тонна тибит тавлид намуда, алҳол фаъолияти муътадил дорад.
 Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Руқия” зикр гардид, ки хоҷагидорон аз замин самаранок истифода бурда, аз ҳар ваҷаби он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд. Тибқи иттилоъ, хоҷагӣ дорои 20 гектар замин буда, дар қисме пахта ва қисмати дигар ғалладона мекорад. Хоҷагӣ, аллакай, нақшаи пахтаро 100 дарсад ба иҷро расондааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10 162 гектар пунбадона кишт намуда, бо истеҳсоли бештар аз 23822 тонна пахта нақшаро 100 дарсад иҷро кардаанд.
Раиси вилоят бо деҳқонон суҳбат намуда, аз фаъолияти онҳо бохабар шуд. Дар анҷом ба чинакчиёни пешқадам туҳфаҳо тақдим гардид.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив