ВМКБ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии шаҳри Хоруғ Ҳамоиши илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва об» баргузор гардид.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, зимни суханронӣ зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории Ҳамоиш дар заминаи иқдомҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсола дар сатҳи ҷаҳон вобаста ба иқлим ва об пешниҳод, қабул ва амалӣ гашта истодаанд, тавсеаю густариш додани фаъолияти фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотӣ ва, дар ин замина, татбиқи сиёсати давлат дар робита ба ин масоили глобалӣ мебошад.
– Маҳз омилҳои хатарзои тағйири иқлим, инчунин, масъалаҳои марбут ба маъмурият, идоракунӣ, зарурати тақсимоти оқилонаву одилона ва ҳифзи яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти ҳаёт – обро ба инобат гирифта, дар заминаи хиради азалӣ, нозукбинӣ ва дурандешии олимона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодии солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамчунин, ба масъалаҳои ҳифзи табиат, муносибати мутавозуну одилона ба неъматҳои табиӣ ва ҳалли ҳарчи тезтару натиҷабори масоили марбут ба об таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд, – зикр кард раиси вилоят.
Дар идомаи Ҳамоиш Саидулло Қувватзода, мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи “Дипломатияи об, таърихи пайдоиш ва раванди рушди он”, Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, оид ба “Иқдоми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – омили ваҳдату ҳамбастагии башарият”, Амин Одиназода, сардори раёсати масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, перомуни “Арзёбии иқтисодии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта”, Ориф Амирзода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, роҷеъ ба “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим”, Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба “Моҳият ва аҳамияти миллӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим”, Далер Абдуразоқзода, сардори Сарраёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар робита ба “Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об” ва Илҳом Қурбоншоев, ходими калони шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Аловуддин Баҳовуддинови АМИТ, доир ба “Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об” маърузаҳои пурмуҳтаво намуда, аз хизматҳои шоёни таҳсини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, муҳимияти масъала ва вазифаҳои дарпешистодаи аҳли ҷомеаро дар ин самт таъкид намуданд.
Дар фарҷом, ҳамчунин, дигар иштирокчиёни чорабинӣ перомуни маърузаҳои ироашуда ва ибтикороти созандаи Пешвои миллат дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи об фикру андешаҳои судманд иброз карданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236