КӮЛОБ. ОРЗУИ ЧАНДИНСОЛАИ СОКИНОН АМАЛӢ ГАРДИД
Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол ба сол рушд карда, муассисаҳои таълимии нав барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбияи мактаббачагон сохта шуда истодаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48-и шаҳри Кӯлоб исботи нигоштаҳо аст.
Сокинони деҳаи Сангпари деҳоти Зиракӣ солҳо боз аз набуди муассисаи таълимӣ танқисӣ доштанд. Мактаббачагони деҳаи мазкур 2,4 километр роҳро тай намуда, ба МТМУ № 12-и деҳаи Корези Боло мерафтанд. Хушбахтона, орзуи чандинсолаи сокинони деҳа амалӣ гашт ва онҳо соҳиби мактаби наву замонавӣ гардиданд.
Аскар Соҳибзода, сардори филиали раёсати сохтмони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муассисаи мазкур бунёд ёфта, 19-уми октябри соли равон бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба иттилои масъулон, Муассиса аз 15 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои фаннӣ, китобхона, майдончаҳои варзиш ва толори хонишу маҷлисгоҳ иборат аст.
А. Соҳибзода афзуд, ки сохтмони Муассисаи мазкур бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сурат гирифта, фармоишгар филиали раёсати сохтмони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва пудратчии сохтмон ҶДММ “Уҳда” мебошад. Ҳамзамон, мавсуф зикр кард, ки дар ҷараёни сохтмон 15-20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
А. Амиралӣ, сокини деҳаи мазкур, дар суҳбат гуфт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи чандинсолаи мо амалӣ гашт. Ҷавобан ба ин ғамхории Сарвари давлат кӯшиш менамоям, ки фарзандонамро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият намоям.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236