НОҲИЯИ ДӮСТӢ. ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО КОРИ ДЕҲҚОНОН
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон»-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, оғоз бахшид.
Замини корами хоҷагии деҳқонии “Икромҷон” 2 гектарро ташкил медиҳад ва 2 саҳмдор дорад. Деҳқонони хоҷагӣ ба пахтакорӣ ва зироаткорӣ машғул мебошанд. Қиёмиддин Каримов, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, зимни суҳбат бо раиси вилоят иттилоъ дод, ки баъди ҷамъоварии ҳосили гандум дар майдони 1 гектар картошка мекоранд.
Раиси вилоят пеш аз оғози корҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, сари вақт кишт намудани ғалладона, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд дод.
Алҳол дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузарондани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода намудааст. Хоҷагии мазкур ҳар сол заминро самаранок истифода бурда, аз он 2-3 ҳосил мерӯёнад ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузорад. Раиси вилоят дар ин хоҷагӣ ба кишти картошка оғоз бахшида, ба хоҷагидор дар роҳи ба даст овардани ҳосили фаровон муваффақият таманно намуду барои саҳмашон дар самти кишоварзии вилоят ва ноҳия изҳори сипос кард.
Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ, инчунин, бо рафти кишти картошкаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии “Файз-5”-и деҳаи Нури Вахш низ шинос гардид. Хоҷагии деҳқонии «Файз-5» дар 5 гектар замин бо 8 саҳмдор корҳои сабзавоткориро анҷом медиҳад. Раис бо сарвари хоҷагӣ ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқот намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, сари вақт кишт кардани ғалладона, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд дод. Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузарондани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтааст.
Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ бо рафти парвариши чорвои калони шохдор ва захираи хӯроки чорво дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ваҳҳоб Тӯрдиев, воқеъ дар деҳаи Навобод шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки В. Тӯрдиев дар ҳавлиаш зиёда аз 50 сар чорвои калонро барои гӯшт парвариш мекунад. Раис таъкид кард, ки бо мақсади рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, нигоҳ доштани сифатҳои ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои мавҷуда бо маслиҳати мутахассисони соҳаи чорводорӣ корҳои судмандро ба иҷро расонанд.
Тибқи иттилои масъулони соҳаи кишоварзӣ барои хушзоткунии чорво феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 119 нуқтаи бордоркунии сунъӣ фаъолият менамояд ва аз ин шумора 103-тоаш дар деҳаҳои калон ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар 10 моҳи соли равон 14095 сар ҳайвони калон ба таври сунъӣ бордор карда шуда, 10780 насли хушзот оварданд.
Раиси вилоят ба фаъолияти чорвопарвар баҳои баланд дода, иброз дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имкониятҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ зиёд аст. Ба ин хотир, бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ ҷиҳати бештар кардани саршумор эътибори ҷиддӣ зоҳир шавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"