ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР

ХАТЛОН.  БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР

19 декабр 2023, Сешанбе
6
0


Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи зимистонгузаронӣ баргузор гашт. Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, сардорони шуъбаҳои тақсимоти барқи минтақаи Бохтару Кӯлоб, шуъбаҳои фурӯши барқ, сардорони идораҳои роҳ, раёсатҳои маориф ва тандурустии шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. 
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» корҳои муайянеро ба анҷом расонда истодааст. «Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои хариди маводи гармидиҳӣ, аз қабили ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ  дар соҳаи маориф 13433,8 ва тандурустӣ 1959,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 13587,3 ва ба тандурустӣ 1989,7 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки 101 дарсади нақшаро ташкил медиҳад», - иброз дошт З. Файзуллозода.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода таъкид намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ гурӯҳи корӣ таъсис шуд. Намояндагони он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарор ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор доданд. 
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Левакант, Вахш, Восеъ, Муъминобод, Шаҳритус ва дигарон ҳисоботҳо манзур гардида, оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зидди лағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода шудани соҳаҳои муҳим барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дод. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 14.12.2023 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив