«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО АЗ ДУШАНБЕ БА ХУҶАНД ЗИЁД НАМУД
Бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқоли мусофирон дар хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 16-уми декабр парвозҳоро дар ин самт афзоиш медиҳад. Ба ин тариқ, парвозҳо ҷониби Хуҷанд ва баргашт ҳар рӯз иҷро мешаванд.
Иқдоми мазкур бесобиқа набуда, ҳамасола дар мавсими сармо роҳандозӣ мегардад. Ҳар зимистон ширкат парвозҳо байни Душанбеву Хуҷандро зиёд менамояд, то шаҳрвандон тавонанд сари вақт ва бехатар ба нуқтаи таъинот бирасанд. Парвозҳо аз пойтахт ба Хуҷанд ва баргашт дар ҳавопаймоҳои "Боинг 737" иҷро мегарданд.
Айни ҳол Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои "Боинг 737-800" ва "Боинг 737-900" иборат мебошад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи вақти парвоз ва хариди чипта мусофирон метавонанд бо маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои 44-640-40-49, 44-640-40-50 тамос бигиранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.12.2023 №: 243