ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. 90 ДАРСАДИ МАРЗ МУВОФИҚА ШУД

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. 90 ДАРСАДИ МАРЗ МУВОФИҚА ШУД

20 декабр 2023, Чоршанбе
54
0


Дар ҷараёни музокироти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки 8-14-уми декабр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон доир шуд, 47,05 километри дигари марзи муштараки байни ду кишвар мувофиқа шуд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар додааст. Ҷонибҳо корро ҷиҳати муайян кардани қитъаҳои боқимонда дар вохӯрии оянда, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, идома хоҳанд дод.
Ҳамин тариқ, дар се моҳи охир гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар барои муайян кардани беш аз 120 километр ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин, 12-уми декабр мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. 
Зимни мулоқот натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади ду давлатро дар соли 2023 баррасӣ намуда, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъини хатти гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд. Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки барои аломатгузорӣ кардани зиёда аз 90 дарсади хатти марз ба мувофиқа расиданд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив