ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛУҒАТШИНОСӢ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ДМТ

ЛУҒАТШИНОСӢ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ДМТ

29 декабр 2023, Ҷумъа
26
0


Чанде пеш Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами луғатшиносии тоҷик: мушкилот ва дурнамо” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим ба 80-солагии номзади илмҳои филология, дотсент Ҳуснигул Талбакова бахшида шуд.
Дар чорабинӣ дӯстону наздикон ва шогирдони шодравон Ҳуснигул Талбакова аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Декани факултекти филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуд. Ректори Донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳ хушомадед гуфта, саҳми омӯзгори зиндаёд, луғатшинос ва забондон Ҳуснигул Талбаковаро дар рушди забоншиносии тоҷик судманд арзёбӣ намуд.
Мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷики ДМТ Ҳ. Дӯстзода оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмию омӯзгории Ҳуснигул Талбакова суханронӣ намуд.
Дар идомаи конфронс олимони забоншинос оид ба корҳои анҷомдодаи Ҳуснигул Талбакова дар рушди забони тоҷикӣ, луғатнигорӣ, тарбияи шогирдони қобил маърузаҳо ироа карданд. Аз ҷумла, Жило  Гулназарзода, ректори  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гуфт: “Устод Ҳуснигул Талбакова яке аз аввалин пажӯҳишгарзанест, ки аз мактаби бузурги илмии яке аз шахсиятҳои соҳибном ва донишманди забардасти тоҷик профессор Мукаррама Қосимова гузаштааст. Ин мактаби забоншиносии тоҷик ҷавонони соҳибзавқро таҳти тарбият ва пуштибонии хеш қарор медод, то шогирдон дар шоҳроҳи пурнури маърифат муваффақ бошанд. Бо файзи раҳнамоии Мукаррама Қосимова дар гулбоғи тафаккури Ҳуснигул Талбакова ҳусну таровати илмӣ ҷовидона маъво гирифт ва мавсуф  аз боғи илму маърифат армуғони илмӣ чун “Лексикаи забони адабии тоҷик» (бо ҳаммуалифӣ»), «Вожашиносии забони адабии тоҷик» (бо ҳаммуаллифӣ), «Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик»,  “Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил” ва садҳо дастурҳои таълимию мақолаҳо ба пажӯҳишгарону омӯзандагони илми забоншиносӣ  пешниҳод намудааст”.
Ҳамин тавр, конфронс дар ду бахш: “Масъалаҳои луғатшиносӣ, маъношиносӣ, фразеология, фарҳангнигорӣ, истилоҳшиносӣ, номшиносӣ ва услуб” ва “Масъалаҳои умумӣ, таърихи забон ва сарфу наҳв” идома намуд. Дар чорабинии илмӣ беш аз 40 маъруза мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарор аст, ки дар шакли китоб чоп шавад.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив