РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА ДАР ТОШКЕНТ
Дар шаҳри Тошкент маросими рӯнамоии китоб ва рисолаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо номҳои “Пайғоми дӯстӣ” ва “Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат” баргузор гардид. Дар он аҳли илму адаб, фарҳанг, намояндагони марказҳои милливу фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, инчунин, як гурӯҳ донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.
Китоби “Пайғоми дӯстӣ” ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ интишор ёфта, маводи он ба рушди равобити адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида шудааст. Рисолаи “Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат” бошад, масъалаҳои мубрами замони муосир, аз қабили арзиши истиқлоли давлатӣ, дипломатияи фарҳангӣ, сиёсати нарм ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.
Зимни суханрониҳо шоир ва олим Ҷаъфари Муҳаммад, доктори илмҳои филология Ҳомидҷон Ҳомидӣ ва доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов, адиб ва тарҷумон Файз Маҳмуд, шоирон Абдулло Субҳон ва Паймон, журналист Тоҷибой Икромов ва дигарон мазмун ва мундариҷаи китоби “Пайғоми дӯстӣ” ва рисолаи “Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат”-ро, ки он аз панҷ мақолаи пурмуҳтаво ва як мусоҳибаи ихтисосӣ иборат аст, хеле пурмуҳтаво арзёбӣ карданд.
Дар маросим, ҳамчунин, як гурӯҳ аҳли маориф, фарҳанг ва санъати тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нишонҳои сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сарфароз гардиданд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252