ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БЕТАРАФ НАБОШЕМ
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиш баргузор шуд.
Муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода изҳор намуд, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Зикр гардид, ки кормандони Агентӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ, ғанӣ гардондани қисми даромади буҷети давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ саъю кӯшиш карда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил шуданд.
Намояндаи Агентӣ Алихон Розиқзода доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошем.
Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат бо коррупсия ва бартараф намудани он бояд дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ корҳои судманди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр шаванд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11