Мулоқоти Сарвазир бо муовини президенти Комиссияи Аврупо
16-уми январ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амният, нақлиёт, иқтисоду тиҷорат ва дигар самтҳо ҳамасола таҳким ёфта, рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳод дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон афзалият дорад.
Густариши ҳамкориҳо байни Беларус ва Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко пешниҳод намуд, ки самтҳои нави фаъолсозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бахусус дар пасманзари коҳиши гардиши мол, таҳия шаванд. Дар ин хусус Сарвари давлати Беларус дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода изҳор дошт.
Александр Лукашенко зимни вохӯрӣ зикр намуд: «Заминаҳои муносибатҳои мо, ки асоси онро ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ташкил медиҳад, набояд сарфи назар шавад. Бинобар ин, бояд дар ин самт корбарӣ намоем, то гардиши молро ба марҳалае, ки қарор дошт, баргардонем». Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба БелТА иттилоъ додааст.
Тоҷикистон ва Ҷопон амалисозии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
17-уми январ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аики вохӯрд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопонро дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод
18-уми январ бо ташаббуси Вазорати молия нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил тавассути низоми электронии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» баргузор гашт.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ бори нахуст коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шартҳои ҷолиб бароварда мешаванд ва ин ба иштирокчиёни бозор имкон медиҳад, ки шарти сармоягузории мувофиқро интихоб намоянд. Дар ҳамоиш ба ду бонки давлатии ҷумҳурӣ – КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва КВД «Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иҷозатномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дода шуд.
Имзои санадҳо марбут ба танзими равандҳои муҳоҷират
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо ваколатдори махсуси Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури созишномаҳои муҳоҷиратӣ Йоахим Штамп мулоқот дошт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо дар аснои суҳбат роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти муҳоҷират, баимзорасонии санадҳои марбутаи соҳавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, мубодилаи афкор намуданд.
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар
Дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ баргузор шуд.
Табқи иттилои Вазорат, зимни суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориҳо баррасӣ шуданд.