ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУҶАНД.  БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАРКАЗИ САРАТОНШИНОСӢ

ХУҶАНД.  БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАРКАЗИ САРАТОНШИНОСӢ

23 январ 2024, Сешанбе
36
0


Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагии  Маркази саратоншиносӣ ҷараён дорад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди он шинос шуд. 
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, бино аз ҳисоби буҷети вилоят эъмор гардида, аз шаш ошёна иборат мебошад. 
Боиси тазаккур аст, ки Марказ барои сокинони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хизмат мерасонад. Иншоот дорои шуъбаҳои эҳё, табобат, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёӣ ва нурафканӣ буда, дар он барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони варзида, ки мунтазам дар давлатҳои пешрафта таҷриба меомӯзанд, фаъолият менамоянд.
Мувофиқи маълумоти масъулон, саратоншинос ва мутахассиси соҳа Баҳром Ахмедов, ки айни ҳол дар Россия кор мекунад, тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худ барои Марказ якчанд дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ  дастрас гардонад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба иқдоми Баҳром Ахмедов баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив