ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид

Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид

25 январ 2024, Панҷшанбе
34
0


24-уми январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон,  даъвати шашум баргузор гардид.
Аз Маҷлиси намояндагон ба мо иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО «Роғун» байни  Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд, Созишномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби вакилони халқ ба тасвиб расиданд.


Тоҷикистон СММ ва дигар давлатҳои аъзоро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм даъват намуд
Дар қароргоҳи СММ «Брифинги сатҳи баланд оид ба барнома ва лоиҳаҳои Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар Осиёи Марказӣ – дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда» баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар он намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат аҳамияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳои минтақавӣ ва миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароиро таъкид намуд. Ҷонибек Ҳикмат, ҳамчунин, СММ ва дигар давлатҳои аъзоро  барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар чаҳорчўби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он даъват кард.


Сафари расмии муовини Сарвазир — вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон
24-уми январ муовини Сарвазир — вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазир — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.


Дар Берлин зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд
Дар маркази намоишгоҳҳои Берлин – «Messe Berlin» Намоишгоҳи 88-уми байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ «Ҳафтаи байналмилалии сабз» (International Green Week) оғоз гардид.
Аз Вазорати кишоварзӣ ба мо иттилоъ доданд, ки иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳ бо  ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии  озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин, бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) таъмин гардид. Дар гўшаи миллии Тоҷикистон маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хўрокворӣ, молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин, нигораҳо аз гўшаҳои табиати зебои мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд.


«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсоз эътироф гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон рўйхати ташкилоти қарзии низомсоз ва ташкилоти қарзии эҳтимолиро тасдиқ намуд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонк.
КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо меъёри  ҷамъбасти 22,87 дар зинаи аввал қарор дорад. ҶСК «Ориёнбонк» бо меъёри ҷамъбасти 18,63 ва ҶСК «Бонки Эсхата» бо меъёри ҷамъбасти 14,76 дар зинаҳои дуюм ва сеюми рўйхати ташкилоти қарзии низомсоз қарор гирифтаанд.


Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо IRU баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ Шараф Шерализода дар шаҳри Женева бо котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) Умберто де Претто мулоқот намуд.  
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ  мубодилаи афкор намуданд.


145 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ
Соли 2023 ба Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо 145 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ, як ариза барои патент ба ихтироъ ва як аризаи гирифтани патент ба намунаи саноатӣ ворид гардид. 
Тавре аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, соли гузашта ба муассиса ҷиҳати сабти тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ 767 ариза ва бо расмиёти байналмилалӣ 2094 дархост ворид гашт, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 156 ва 158 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳо 1 патент ба ихтироъ, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ба патент, 128 нахустпатент ба ихтироъ, 606 шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент ва 526 шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ дода шудааст.

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив