ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ДЕҲОТИ БӮСТОН
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар деҳоти Бӯстон вохӯрии судманд доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Бобишо Холзода, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони бахшу идораҳои ноҳия, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонону собиқадорон иштирок намуда, оиди ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди деҳот, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунармандӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ворид шудани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ сухан гуфтанд.
Зикр гашт, ки Паёми Сарвари давлат барои иҷрои дурнамои сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, дар баробари таҳлил ва баррасии соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, рушди минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегирад.
Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ чунин ибрози назар кард: “Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои минбаъдаро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю талош варзем. Мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паём ба комёбиҳои нав ноил мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанг пешравиҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Баҳри рушди саноат ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона корҳои созандагиро идома диҳем”.
Ҳамзамон, таъкид гашт, ки нуктаҳои меҳварии Паём аз баланд бардоштани сатҳи илмомӯзӣ, рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор, фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон иборат мебошад.
Раиси ноҳия Бобишо Холзода, гуфт: “Суханони Пешвои миллат моро водор месозанд, ки ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намуда, ба анҷом додани ободкорию ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ талқин созем. Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри пойдории сулҳу субот хизмат намояд”.
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳи тарғиботӣ идома доранд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
"Ҷумҳурият"