ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. АЗ БОБИ АҲАМИЯТИ ПИРЯХҲО
Имрӯз масъалаҳои обу иқлим дар сархати хабарҳои расонаҳои маъруфи дохилу хориҷ қарор доранд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ як қатор мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳоро, ба бор овардаанд. Ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки дар якҷоягӣ садди роҳи инҳоро бигиранд. Ин раванд агар чунин идома ёбад, пас аз чанд даҳсола сокинони сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мегарданд. Тағйирёбии иқлим боиси босуръат об шудани пиряхҳо мешавад, ки дар навбати аввал, ҷараёни дарёҳоро тағйир дода, сипас, боиси камобӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин мушкилот истисно нест ва мебояд бо тадбирандешиҳои дуруст аз ин ҳодисаҳои ногувор пешгирӣ кард.
Пиряхҳои Тоҷикистон дорои захираи оби нӯшокӣ мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9 550 пирях бо масоҳати умумии 8,5 ҳазор киллометри мураббаъ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар онҳо қариб 460 километри мукааб оби нӯшокии хушсифат маҳфуз аст. Дар ин пиряхҳо 52 дарсади захираи умумии оби ошомидании тамоми Осиёи Марказӣ ҷамъ шудааст.
Дар Помир масоҳати умумии пиряхҳо ба 7100 километри мураббаъ мерасад, ки нисбат ба тамоми пиряхҳои минтақаи Қафқоз 3,5 баробар зиёд мебошад. Яке аз калонтарин пиряхи минтақаи кӯҳсори ҷаҳонӣ ин пиряхи Федченко мебошад. Минтақаи дуюми пиряхдори ҷумҳурӣ ин қисми кӯҳсори Ҳисору Олой ва Зарафшон аст, ки масоҳати умумии пиряхҳои он ба 1500 километри мураббаъ баробар аст. Дар рӯи Замин пиряхҳои кӯҳӣ ниҳоят бисёранд. Масоҳати онҳо ҳамагӣ 1,5 дарсади масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Пиряхҳо барои минтақаҳои камбориши сайёра ҳамчун манбаи об хизмат мекунанд. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Миёна аст. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз он шаст дарсад ба Тоҷикистон рост меояд. Пиряхҳои Тоҷикистон, асосан, дар кӯҳистони Помир воқеъ гардидаанд. Аз пиряхҳо дарёҳои калони минтақа ғизо гирифта, заминҳои хушкро обшор мегардонанд.
Пиряхҳои кӯҳӣ дар он мавзеъҳое ҷойгиранд, ки сатҳи онҳо ба ин ё он сӯ нишеб аст. Бинобар ин, пиряхҳо аз нишебии кӯҳҳо ва водиҳои кӯҳӣ ба поён ҳаракат мекунанд. Ҳангоми ҳаракат ҷинсҳои кӯҳии нишебии кӯҳ ва водиро канда бо худ мебаранд. Пиряхҳои кӯҳӣ аз хатти барфӣ поён фаромада, ҳатман об мешаванд. Дар ҷойи онҳо сангпораҳои ҳаҷман гуногун ва дигар ҷинсҳои кӯҳие, ки пирях овардааст, боқӣ мемонанд.
Дар Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин, аз қабили Федченко, Грумм-Гржимайло, Гармо ва даҳҳои дигар, ки зиёда аз 30 километри мураббаъро фарогиранд, ҷойгир мебошанд. Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё буда, дарозии он 75 километр ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи чанд соли охир бинобар таъсири тағйироти иқлим, 1000 пирях дар кишвар аз байн рафтааст ва ин агар чунин идома ёбад, як қатор мушкилоти ҷиддиеро пеш меорад. Аз ҷумла, босуръат об шудани пиряхҳои кӯҳӣ боиси рух додани ҳодисаҳои лағжиш, обхезӣ ва монанди инҳо мегарданд. Ин мушкилот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон, ҳатто дар Арктикаю Антарктида низ, ба назар мерасанд. Чунин ҳолатҳо ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳанд, ки дар масъалаҳои пешгирии онҳо ҷиддӣ муносибат намоянд.
Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)