ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

29 январ 2024, Душанбе
46
0


Идораву ташкилотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва шахсони саховатпеша ба ятимону бепарасторон кумакҳои моддию маънавӣ расонданд. 

Парвиз Неъматзода, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки ятимону бепарасторон пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманд дар ноҳия тамоми чораҳо андешида мешаванд. Масалан, соли гузашта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  ва соҳибкорон ба ашхоси имконияташон маҳдуд 58 аробачаи маъюбӣ, 19 асо ва асобағал супурда шуд. Инчунин, дар арафаи Соли нав ба пиронсолон, ятимону эҳтиёҷмандон ба маблағи бештар аз 500 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ расонданд.   Ба гуфтаи масъулон, раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода бо 30 ятим дар тарабхонаи “Эҳсон” вохӯрда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва барномаи фарҳангӣ табъи онҳоро болида гардонд. 
Айни замон дар ноҳия Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ”, мактаб-интернат ва маркази будубоши рӯзонаи “Ситора” барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият менамоянд.  Дар ноҳияи Восеъ 4414 нафар камбизоат ба қайд гирифта шуда, пайваста аз тарафи Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбанд. 

Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.01.2024 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив