РОҲБАРИЯТИ "СОМОН ЭЙР" БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ AVIC INTL ВОХӮРДАНД
Вохӯрии роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати AVIC INTL (AVIC International Holding Corporation)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” баргузор гардид.
Намояндагони ширкати AVIC INTL ба кормандони “Сомон Эйр” ҳавопаймои Y-12E-ро муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки ин навъи ҳавопаймо барои истифода дар манотиқи кӯҳӣ мувофиқ буда, имкони парвозу нишаст дар хатти парвозии кӯтоҳ ва мумфаршнашударо дорад.
Ин ҳавопаймоҳо сабуки самаранок ва гуногунмақсад аз ҷониби Корпоратсияи саноати авиатсионии чинӣ (AVIC) истеҳсол шуда, 18-20 ҷойи нишаст дошта, ҳам мусофир ва ҳам бор мекашонад.
AVIC International Holding Corporation яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии чинӣ буда, асосан, ба саноати авиатсионӣ тахассус ёфтааст ва ба Корпоратсияи давлатии саноати авиатсионии Чин шомил мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)