АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
НУРИДДИН САИД: "ДАР СОЛИ 2023 СЕ САНАДИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД"
Зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки соли сипаригардида байни Кумита ва сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио се санад: ёддоштҳои ҳамкорӣ бо Бюрои иттилоотии Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Медиакорпоратсияи Чин ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расиданд.
Кумита имрӯз бо бештар аз 20 давлати ҷаҳон санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио ба имзо расондааст. Дар ин замина соли 2023-юм 17 рӯзноманигори Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даврҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуд.
Ҳамчунин, зикр гашт, ки ҳоло дар соҳаи телевизион ва радиои мамлакат «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» татбиқ мегарданд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
“РАДИОИ САФИНА” ФАЪОЛ МЕГАРДАД
Носир Саид, директори «ТВ-Сафина», дар нишасти хабарӣ тазаккур дод, ки яке аз дастовардҳои муассиса дар соли 2023-юм ин 13-уми декабр бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави “ТВ Сафина” мебошад.
Ӯ баъди ибрози шодмониаш рӯзноманигоронро ба сайри кохи нав бурд, ки аз 5 ошёна иборат буда, 8 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногуни телевизионӣ, оростани суҳбату муҳовараҳо ва пахшҳои мустақим вуҷуд дорад. Қобили тазаккур аст, ки китобхонаи нави “ТВ-Сафина” дорои зиёда аз 2500 нусха асарҳои гуногуни бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ, ҳуқуқӣ ва таърихию соҳавист. Аз ҷумла, тамоми асарҳои Пешвои миллат ва китобҳои дигареро, ки дар бораи кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунанд, аз ин ҷо дастрас кардан мумкин аст.
Носир Саид гуфт, ки тасмим доранд ҳамин сол “Радиои Сафина” ба мавҷ барояд.
Лола РИЗОӢ
ОБИД НАЗАРИЁН: “НОРАСОИИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ТАХАССУСИИ МУСИҚӢ ВА САНЪАТ БАРТАРАФ МЕШАВАД”
Соли 2023-юм 9817 нусха китоб иборат аз 174 номгӯй ба маблағи зиёда аз 260 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 барои ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳо ба китобхонаҳои марказонидашудаи вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ройгон супурда шуд. Ин нуктаро Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанг зимни нишасти хабарӣ баён намуд.
Инчунин, муассисаҳои нашриявии Вазорат дар соли сипаригардида 58 номгӯй китобҳои соҳавиро бо теъдоди 44 ҳазору 630 нусха ба табъ расонд.
Обид Назариён, зикр кард, ки барои аз байн бурдани норасоии китобҳои дарсии тахассусии мусиқӣ ва санъат ба муассисаҳои таълимию мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 номгӯй китобҳои таълимӣ равона гардид.
Лола РИЗОӢ
ДДОТ
Литсейи навтаъсис қабул ба синфҳои ибтидоиро ба роҳ мемонад
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки шуруъ аз соли нави таҳсил дар литсейи навтаъсиси назди Донишгоҳ қабули хонандагонро ба синфҳои аз 1 то 4-ум ба роҳ мемонад. Тибқи гуфтаи ӯ, таҷрибаи гурӯҳи тайёрӣ нишон дод, ки литсей имкони қабули пурраи синфҳои ибтидоиро дорад. Қабул ба литсей бо тариқи озмун буда, айни ҳол дар он 210 хонанда дар гурӯҳи тайёрӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ёдрас шуд, ки 27-уми январи соли равон барои баланд бардоштани корҳои таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯён бинои дуошёнаи замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти нав дар дараи Ромит, дар Боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳ қомат афрохтааст. Минбаъд донишҷӯён дар ин ҷо дониши назариявии худро дар амал месанҷанд.
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21