АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Аз 52 ҳодиса дар корхонаю иншоот 70 кас зарар дид
Соли гузашта дар корхонаву иншооти таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 52 ҳодисаи нохуш рух дод. Ба 70 зарардида (аз ҷумла, ба оилаи 36 фавтида) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ ёрипулӣ дар ҳаҷми 6 723 145 сомонӣ расонда шуд. Ин нуктаро Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамот, зимни нишасти хабарӣ баён намуд.
– Омили асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо таҷҳизоти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор, сарфи назар шудани технологияи коркарди кон, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳавӣ мебошанд, – гуфт Раҳим Санъат Асо.
Зикр шуд, ки барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо аз тарафи комиссияи тафтишотӣ нисбат ба 10 шахси ҳуқуқӣ, 45 шахси мансабдор ва 2 шахси воқеӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид ва онҳо ба андозаи 248 ҳазору 680 сомонӣ ҷарима шуданд.
Ҳангоми гузарондани назорати техникӣ Хадамот 2270 вайронкунии бандҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кард. Барои бартараф кардани қоидавайронкуниҳо ба роҳбарони корхонаҳои зериназоратӣ 225 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид. Инчунин, 328 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳо барои саҳлангкорӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд ва онҳо ба маблағи 1696284 сомонӣ ҷарима гаштанд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда, тибқи тартиби муқарраргардида, 155 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.
Кароматулло АТО
Конҳои сурма, тилло, нуқра ва ванадий кашф шуданд
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 бо 120 ширкат шартномаи истифодабарии захираҳои табииро ба имзо расонд. Имрӯз 23 ширкат ба омӯзиши геологӣ машғул мебошад, ки аз ин шумора 6 ширкат хориҷист.
Дар ин бора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология, иттилоъ дода, гуфт, ки фаъолияти ширкатҳо бисёртар ба ҷустуҷӯ ва коркарди ангишт равона шудааст, зеро он харидори зиёд дорад ва ҳам аҳолӣ бо ангишт беҳтар таъмин мегардад. Бештари ширкатҳо бо Саридора омӯзиши геологӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, соли гузашта ширкати хориҷии ҶДММ “Рушди саноати Ҳайтал” барои омӯзиши геологӣ иҷозатнома гирифт, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Экспедитсияи геологии “Помир” барои гузарондани корҳои омӯзишӣ лоиҳа таҳия карда истодааст.
Иброз гашт, ки дар соли рафта дар натиҷаи ҳамкориҳо, дурнамои захираи зуҳуроти сурма, ванадий, тилло, нуқра ва дигар навъи канданиҳои фоиданок муайян ва тасдиқ гардид. Аз ҷумла, тибқи корҳои ҷустуҷӯӣ-геокимиёвӣ, дар маҳалҳои ташхисшуда файзнокии назарраси тилло, нуқра, никел, марганетс, титан, руҳ, ванадий, қалъагӣ ва мис ба қайд гирифта шуданд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ХАЙРУЛЛО НАЗАРЗОДА:
"12 созишномаи нави ҳамкории хориҷӣ ба имзо расид"
Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ зикр кард, ки соли рафта Донишгоҳ бо мақсади густариш бахшидани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам бо якчанд донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Кореяву Британияи Кабир шартномаҳои дуҷониба ва 12 созишномаро бо МТОК-и хориҷӣ ба имзо расонд.
Инчунин, дар бахши табодули академӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо донишгоҳҳои Кадиси Испания, Кемёнги Ҷумҳурии Корея, технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт–Петербург, иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбурги Россия, Алма-Менеҷменти Қазоқистон, аэрокайҳонии шаҳри Шеняни Чин ва ғайра ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
Ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ васеъ мегардад
Сафаралӣ Дилшод Файзалӣ, роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 бо хабарнигорони воситаҳои ахбори омма нишасти хабарӣ доир кард.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар соли рафта ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 48 самт ва парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар 12 кишвари дуру наздик, ҳамчунин, парвозҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ бо зичии зиёда аз 270 парвоз дар як ҳафта тасдиқ гардид. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида, парвозҳо муттасил аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб иҷро шуданд.
Дар соли 2023 ба фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар 12238 хатсайр аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ анҷом дода шуд ва тавассути онҳо 3 млн 678 ҳазору 500 мусофир ба ҷойи дилхоҳаш расид.
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд зиёда аз 1 млн мусофирро интиқол додааст, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар тули фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад, – гуфт Сафаралӣ Дилшод Файзалӣ.
Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ тавассути нишастҳо, мулоқотҳои дуҷониба бо ҳамкорони хориҷии худ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мақсад дорад, ки ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо чораҳои дахлдорро амалӣ созад.
Руҳафзо МУРОДОВА
Муассисаҳои таълимӣ ба воситаи хатти нахи нурӣ бо интернет пайваст мешаванд
Давоми соли 2023 аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ ва интернет 1054 истгоҳи базавӣ, 500 километр хатти нахи нурӣ ва дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ 400 километр хатти нахи нурӣ насб шуданд. Истгоҳи базавӣ дар ҳудуди мамлакат, дар маҷмуъ, 15 ҳазору 625 торо ташкил медиҳад, ки ин барои пайваст шудани муштариён бо алоқаи GSL имконият фароҳам овардааст.
Илҳомҷон Атоев, муовини аввали сардори Хадамоти алоқа, изҳор дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ корҳои техникию ҳуқуқӣ идома дошта, истгоҳҳои базавӣ ва воситаҳои ёрирасони он, ба монанди шабакаҳои барқи офтобӣ, насб мешаванд.
Ба гуфтаи номбурда, таҷриба нишон медиҳад, ки дар минтақаҳои баландкӯҳ хизматрасонии алоқа бо истгоҳҳои базавӣ, махсусан дар фасли зимистон, мушкилӣ эҷод мекунад. Инро ба назар гирифта, барои пурра таъмин кардани аҳолии кӯҳистон бо шабакаи алоқаи 4G 8 ҳазор истгоҳи базавии насли нав насб менамоянд. Инчунин, мувофиқи нақша, тамоми муассисаҳои таълимӣ ба воситаи хатти нахи нурӣ бо интернет пайваст мегарданд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Теъдоди занони роҳбар афзуд
Дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ шумораи занон, дар маҷмуъ, ба 4569 нафар мерасад, аз 5883 мансаб роҳбарии 1132 вазифаро занони фаъолу ташаббускор, эҷодгар ва донандаи усулҳои беҳтарини корбарӣ ба дӯш доранд.
Ин нуктаро Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Тибқи иттилои номбурда, теъдоди умумии заноне, ки дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 нафар ва шумораи занони роҳбар 17 нафар боло рафт.
– Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ созмон ёфт. То имрӯз 225 нафар бону аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Зан-сарвар” ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардид, – гуфт Ҷумъа Давлатов.
Комрон САФАР
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии академия самар меорад
– Давоми соли 2023 шумораи устодону кормандони Академия, ки рисолаҳои номзадиву доктории худро дифоъ намуданд, афзоиш ёфт, – зикр кард Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юми январ дар нишасти хабарӣ.
Зикр шуд, ки ду рисолаи докторӣ ва 12 рисолаи номзадӣ дифоъ гардида, 4 рисолаи докторӣ аз назари коршиносони Шурои диссертатсионӣ баҳои арзанда гирифта, ба ҳимоя тавсия шуд.
– Ин натиҷа назар ба соли пеш 75 дарсад зиёд аст ва аз фаъолияти самарноки устодони Академия башорат медиҳад, – гуфт Абдухалил Ғафурзода.
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23