БМТ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМӢ
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанд 14-15-уми ноябри соли 2023 ва иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва китоби “Тоҷикон”- и академик Бобоҷон Ғафуров семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих, дотсент Абдулло Ғафуров, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ва кормандони Бонк иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси Бонк Гулбаҳор Назирӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки дар ташаккули ҳар халқу миллат бузургоне ҳастанд, номашон дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин ашхос дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои муътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи ҷоизаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мебошад, ки бо навиштани шоҳасари гаронбаҳо – “Тоҷикон” тавонист миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои имрӯза ва оянда муаррифӣ намояд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров дар тули зиндагии пурбаракати хеш осори фарҳангиву таърихии зиёдеро ба ёдгор гузоштааст, ки теъдоди онҳо қариб 400 адад буда, дар миёни ин осори гаронмоя шоҳасари безавол – китоби “Тоҷикон” ҷойгоҳи махсуси худро дорост. “Тоҷикон” намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, солҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд, зеро дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми минтақа дарҷ гардидааст.
Зикр шуд, ки ҳанӯз аз соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намояд.”
Ҳамчунин, соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари академик Бобоҷон Ғафуров ва аз муҳити тарбиятгирифтаи Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуданд: “Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид”.
Самари тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори халқи тоҷик дар фазои мураккаби даврони хеш ба камол расида, дар ташаккули худшиносии миллии халқаш саҳми намоён гузошт.
Дар идома Абдулло Ғафуров, Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллӣ, узви вобастаи АМИТ ва доктори илмҳои филология Султон Ҳасан Баротзода доир ба омӯзиши осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”-и ӯ, бо маърузаҳои пурмуҳтаво аз ҳаёту фаъолият ва осори пурғановати Розияи Озод, бахусус ашъори ватандӯстонаи ӯ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва китоби “Тоҷикон”, маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, таъкид ба он доштанд, ки асари безаволи “Тоҷикон” шиносномаи миллат маҳсуб мешавад.
Гулбаҳор Назирӣ таъкид намуд, ки мо - кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкиро зарур аст, дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори халқамон огоҳ бошем ва ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онҳоро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Агар гузаштаи миллати худро надонем, мусаллам аст, ки ояндаро бунёд кардан мушкил мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23