ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ЛЕВАКАНТ - БЕҲТАРИН ШАҲР, ДАНҒАРА - БЕҲТАРИН НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2023

ХАТЛОН. ЛЕВАКАНТ - БЕҲТАРИН ШАҲР, ДАНҒАРА - БЕҲТАРИН НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2023

05 феврал 2024, Душанбе
21
0


Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024 баргузор гардид, ки дар ҷараёни он озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” натиҷагирӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи озмун сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармоя, мусоидат дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ мебошад.
Бо ин мақсад, 2,6 миллион нафар, 1570 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия фаро гирифта шуданд. 
Дар қисмати охири маҷлис бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмун доир гардид.
Ҳамин тариқ, Левакант – беҳтарин шаҳр, Данғара – беҳтарин ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ – беҳтарин шаҳрак, Ҷамоати деҳоти Н. Назарови ноҳияи Муъминобод – беҳтарин ҷамоати деҳот, маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Фархор – беҳтарин маҳалла, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик – беҳтарин деҳа, хонаи истиқоматии сокини шаҳри Бохтар Фазлиддин Раҳмонзода – беҳтарин манзили истиқоматӣ дониста шуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив