ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА»

«АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА»

05 феврал 2024, Душанбе
32
0


Муссисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд соли охир дар тайёр кардан ва нашр намудани осорномаҳои шахсиятҳои маъруфи кишвар саҳми арзандаву чашмрас гирифта истодааст. Аз ҷумла, чанде пеш чунин як осорнома бо номи «Аламхон Кӯчарзода. Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»-ро ба табъ расонд, ки барои муҳаққиқони соҳаи адабиёт ва китобхонашиносӣ, инчунин, ҳаводорони олим бисёр муҳим мебошад. Аламхон Кӯчарзода, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор дар рушди адабиётшиносӣ, тарбияи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимони ҷавон хидмати шоён намудааст.
Тавре Шариф Комилзода, номзади илмҳои педадогӣ, дотсент, муҳаррири ин маҷмуа дар пешгуфтор зикр мекунад, он «номгӯи осори илмӣ, илмӣ - оммавӣ, илмӣ – методӣ, таълимӣ, бадеӣ ва адабиёти марбут ба зиндагиномаю фаъолияти илмиву пажӯҳишии… Аламхон Кӯчарзодаро дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар ин маҷмуа мақолаву меҳрномаҳои олимону муҳаққиқони соҳаи марбут ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва фазилатҳои наҷибонаи устод Аламхон Кӯчарзода шомил шудаанд».
Дар баробари пешгуфтори муфассал дар бораи ин олиму омӯзгори маъруф дигар қисматҳои асар, кумакфеҳристҳо (мавзуӣ ва ашхос) барои пайдо кардани номгӯи китобҳо, мақолаҳо ва шинохти ӯ ёрӣ мерасонанд.
Пажӯҳиши библиографӣ ва ҷамъоварии мавод ба василаи Ҳусния Назарова, Суннатулло Саидов, Рамзӣ Ҷумъақулов, Маҳмадалӣ Зиёев сурат гирифтааст.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив