Музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон
4-уми феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жеенбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорат хабар медиҳад, ки вазирон дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро муфассал баррасӣ ва доир ба ҳамкориҳои ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Тоҷикистон ва БИР ҳамкориҳоро густариш медиҳанд
Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонк таҳти роҳбарии директори минтақавии он дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ вохӯрд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо натиҷаҳои вохӯрии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти гурӯҳи БИР Муҳаммад Сулайман ал-Ҷассерро дар таърихи 11-уми ноябри соли 2023 пайгирӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои он барои лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 250 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст. Ҳамзамон, бо маблағгузории БИР амалишавии лоиҳаҳои «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф» ба маблағи 86 млн доллар, «Сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ» ба маблағи 41 млн доллар пешбинӣ шудааст.
Ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ баррасӣ шуд
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур ван Дизен мулоқот намуд.
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба раванди иҷрои Барномаи кишварии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2023-2026, аз ҷумла нақшаи кории он барои солҳои 2023-2024, ибрози назар карданд.
Муҳаммаддулоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25