МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГАО ДЖОНГ ТАО ВА МУҲАММАД ЗОРЕӢ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии “Фусин Синйида”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Джонг Тао ва раиси ҳайати мудирони ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Зореӣ мулоқот кард.
– Дар суҳбат бо Гао Джонг Тао Давлаталӣ Саид зикр кард, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷиест, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунад.
– Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад, - иброз дошт Д. Саид.
Гао Джонг Тао баён дошт, ки ҳадафи мо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯст ва пашм мебошад.
Раиси вилоят ҷонибдориашро аз иқдоми ширкати чинӣ иброз намуда, зикр кард:
– Танҳо соли 2023 дар вилоят 1 140 333 дона пӯсти чорвои калон ва майда, 5970 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки ҳамагӣ 4250 дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%) коркард шудааст. Дар сурати ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, мо метавонем маҳсулоти хом пешниҳод намоем.
Дар мулоқот бо Муҳаммад Ризо Зореӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногусастании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарварони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд.
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмини ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон сафарбар менамояд, – иброз дошт Давлаталӣ Саид.
Зикр шуд, ки дар самти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи Эрон ба иқтисоди вилояти Хатлон ҳамкориҳоро зич ба роҳ монда, ҷиҳати рушди соҳаи шоликорӣ тадбирҳо рӯи кор гирифта хоҳанд шуд.
Муҳаммад Ризо Зореӣ иброз намуд, ки барои таъсиси корхонаҳои шоликӯбӣ ва табодули таҷриба ҷиҳати серҳосил кардани заминҳо омодаанд ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26