ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

06 феврал 2024, Сешанбе
28
0


Маркази офиятбахшии бабри барфӣ таъсис ёфт

Дар баробари ҳалли масъалаҳои обу иқлим, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи нигаҳдории олами набототу вуҳуш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади нигоҳбонии ҳайвоноти нодир дар фасли зимистони солҳои 2023 тадбирҳои биотехникӣ гузаронд. Аз ҷумла, дар давраи сармои моҳҳои январ ва феврали соли рафта дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба миқдори 45,7 тонна ва аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 172,4 тонна маводи ғизоӣ дар масканҳои ҳайвонот тақсим карданд.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки ҳифзи ҳайвоноти нодир пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, дар дурдасттарин ноҳия, яъне Мурғоб, Маркази офиятбахшии бабри барфӣ дар масоҳати 10 гектар  бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъсис ёфт, ки ба он олимон ва мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардиданд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ММҚ: ШАШ ТАДҚИҚОТИ МУҚОИСАВИЮ ҲУҚУҚӢ  

Соли гузашта 6 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ,  аз ҷумла Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи имплементатсияи боби 3-и Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва «Дар бораи иттилоот» бо қонунгузории Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия гузаронда шуд. 
Ин нуктаро Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи тахассусии илмии кормандон соли 2023 мутахассисони  Маркази миллии қонунгузорӣ дар машварат ва чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Латвия,  Белгия ва дигар давлатҳо баргузор шуданд, иштирок карданд.

Судобаи ФАЙЗАЛӢ


ҶАЪФАРЗОДА МАЪРУФ:  “ҚАРЗДОРӢ АЗ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ПУРРА БАРТАРАФ ГАРДИД”

1-уми феврали соли равон дар раёсати молияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нишасти хабарӣ баргузор гашт. Маъруф Ҷаъфарзода, сардори раёсат, иттилоъ дод, ки соли рафта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ бо тағйиру иловаҳо 110 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 372,1 миллион сомонӣ 408,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз соли пешин 36,8 миллион сомонӣ бештар аст. 
Ҳамчунин, мавсуф зикр кард, ки маблағҳои мақсаднок пурра пардохт шудаанд. Масалан, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 275,6 миллион ва аз буҷети вилоятӣ 71, 2 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки сад дарсади нақшаро дар бар мегирад. 
М. Ҷаъфарзода гуфт, ки бақияпулии қарзи андози иҷтимоии шаҳру навоҳӣ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 12,7 миллион сомониро дар бар мегирифт. Хушбахтона, бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми декабри соли 2023, мушкилоти мазкур бартараф гардид ва қарз пурра маблағгузорӣ шуд. Инчунин, дар тамоми ташкилотҳои буҷетии минтақа қарздорӣ аз музди меҳнат сабт нагардидааст. Тибқи нақшаи корӣ дар 125 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ санҷиши аудитӣ гузаронда шуда, ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор гашта, 1,4 миллион сомонӣ барқарор гардид. 

Суннати СОДИҚ


1632 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ДАР ХОҶАГИҲОИ ҶАНГАЛПАРВАРӢ 

Бунёду барқарорсозии плантатсияҳо ва нигоҳубини ҷангал аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти хоҷагии ҷангал ба ҳисоб рафта, соли сипаришуда чунин корҳо дар майдони 2542,4  гектар анҷом ёфтанд. 
Дар ин бора Абдулҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дода, гуфт, ки барои шинондани ниҳолу нигоҳубини онҳо 5 Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва зиёда аз 40 ниҳолхона фаъолият менамоянд. Давоми соли 2023 дар муассисаҳои хоҷагии ҷангал парвариши зиёда аз 45 намуди ниҳолу буттаҳо ба миқдори  зиёда аз 3 миллиону 15 ҳазор бех ба роҳ монда шуд, беш аз 1 миллиону  227 ҳазор дона барои шинондан тайёр аст.
Мутаассифона, дар давраи ҳисоботӣ 876 ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ зарар ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 1632  ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид, маблағи ҷарима 742,1 ҳазор сомониро ташкил дод. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ПАРДОХТҲОИ СУҒУРТАВӢ ҒАЙРИНАҚДӢ СУРАТ МЕГИРАНД

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, аз 13-уми январи соли 2023, №3/06, нақша-чорабиниҳои дохилиидоравии КВД “Тоҷиксуғурта” тасдиқ шуд. Минбаъд маблағи ҳаққи суғурта бо тариқи суратҳисобҳои сохторҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба суратҳисобҳои Корхона ва филиалҳои он ғайринақдӣ ворид гардида, пардохтҳои суғуртавӣ, музди маош ва дигар хароҷот бо тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегарданд. Ин нуктаро директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта”  Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти хабарӣ баён намуд.
Дар як вақт, барои суғурташавандагон ҷиҳати ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохти маблағҳои ҳаққи суғуртавии намудҳои ихтиёрӣ, Корхона бо ҶСК “Бонки Эсхата” (замимаи “Эсхата-Онлайн”) шартномаи ҳамкориро барои ворид намудани маблағи хизматрасониҳо ба расмият даровардааст.
Руҳафзо МУРОДОВА

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив