ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ

08 феврал 2024, Панҷшанбе
25
0


Мубодилаи таҷрибаи пешқадам  ва ҷустуҷӯи ҳалли инноватсионӣ 
Имсол дар шаҳри  Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
Ҳадафи Конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад. Бо баргузории ин чорабинии муҳим,  Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки платформаро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи обии Конфронси СММ оид ба захираҳои об сабтшуда, инчунин, ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо оид ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030-ро таъмин намояд.


Мулоқоти прокуророни генералии  Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 
5-уми феврал мулоқоти Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ ал-Муаҷиб баргузор шуд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима гардиданд.


Содироти меваҳои  аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Фаронса 
6-уми феврал зимни мулоқоти вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинол масъалаи содироти меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза баррасӣ шуд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ вазири кишоварзӣ вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, рушд ва имконоти он маълумоти мушаххас дод. Ҳамзамон, зимни мулоқот тарафҳо оид ба воридоти тухмии зироат, табодули таҷриба ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.


Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва сохторҳои СММ 
6-уми феврал муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Рамасвами Парвати мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуи марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ карданд.


Ҷаласаи комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 
6-уми феврал дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 3-юми комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ баргузор гашт. 
Тавре дар Кумитаи мазкур тавзеҳ доданд, зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкории сайёҳии Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор дода, рушди самтҳои гуногуни он ва афзоиши шумораи сайёҳони тоҷику туркро муҳим арзёбӣ намуданд.


Ихтироъкорони тоҷик дар  Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна 
Аз 4-ум то 7-уми феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Он ҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна баргузор гардид. Дар он ихтироъкорону олимони тоҷик низ иштирок доштанд.
АМИТ «Ховар», бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳи сатҳи баланд қатори 33 давлати хориҷӣ 10 олиму профессор ва ихтироъкори ҷавон аз донишгоҳҳои Тоҷикистон иштирок намуда, ихтирооташонро ба маъраз гузоштанд.

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив