ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

08 феврал 2024, Панҷшанбе
20
0


Бахши ҳифзи  муҳити зисти шаҳри Роғун барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист пайваста талош менамояд. Бахши ҳифзи  муҳити зист дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва корхонаю ташкилотҳо соли гузашта дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои 25-солагии Истиқлолият ва Обигарм  7 ҳазору 197 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонд. 
Танҳо моҳи январи соли 2024 дар ҳудуди шаҳр 1500 бех ниҳолҳои сояфкану ороишӣ ва арчаҳои ҳамешасабз шинонда шуданд ва ин кори хайр бомаром идома дорад.
Тавре аз бахши муҳити зисти шаҳр иброз намуданд, имсол тибқи нақша, дар ҳудуди шаҳр 20  ҳазор ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонда мешавад. Ҳамчунин, заҳбуру ҷӯйборҳоро тоза карда, ба баҳор омадагӣ мегиранд.  Бахши ҳифзи муҳити зист ва МИҲД-и шаҳр нақша доранд, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ наздик ба 80 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ  шинонанд ва дар майдони зиёда аз панҷ гектар ба ҷойи боғҳои куҳна боғи нав бунёд намоянд. 
Боиси хурсандист, ки корҳои  созанадагию ободонӣ дар шаҳр рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд.

Ҳокими САФАР, рӯзноманигор


САЁҲАТИ ХОНАНДАГОН БА ҚИСМИ НИЗОМӢ
Бо мақсади ошноӣ аз ҳаёти сарбозону афсарон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ, бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо комиссиариати ҳарбии ноҳия саёҳати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маркази таълимии қисми ҳарбии “Н”-и қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ташкил шуд.
Ба иттилои “Dushanbe.tj”, масъулон бо сарбозону афсарон ва курсантон мулоқот намуда, таъкид карданд, ки Артиши миллӣ, бо вуҷуди имконоти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ, дар замони ниҳоят ҳассоси даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, хушбахтона, марҳала ба марҳала зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардондашуда, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ тамоми тадбирҳо амалӣ шуданд.
Ҳамин аст, ки сол ба сол сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд мегардад. Зеро хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. 

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив