Рустами Эмомалӣ сафиронии Ҷумҳурии Корея ва Давлати Қатарро ба ҳузур пазируфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок ва Давлати Қатар Муборак ибни Абдурраҳмон ан-Наср мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» дар ин хусус иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Кореяву Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Корея ва Қатар бо Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.
Раиси Маҷлиси миллӣ ба ҷониби Қатар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи Ҷоми Осиё — 2023 оид ба футбол, инчунин, пазироии самимӣ ва ташкили шароити мусоид ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол изҳори сипос намуд.
Мавсума Муинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд
7-уми феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар иҷлосия лоиҳаи як қатор санадҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Аз ҷумла, қарор «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мавсума Муинӣ» ба тасвиб расид.
Тоҷикистон ва Таиланд ба густариши ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ бо раиси Ассамблеяи миллии Шоҳигарии Таиланд Ван Муҳаммад Нур Матҳа мулоқот дошт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ ва ба густариши онҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушди ташаббусҳои муштараки қонунгузорӣ, табодули таҷриба байни вакилони парлумон, ҳайати кормандон ва ташкили сафарҳои мутақобила баррасӣ шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин
Дар ҳошияи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 27-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT) иштирок намуд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мо хабар доданд, ки зимни ташрифи EMITT ҳайати мамлакат бо роҳбарияти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ (TURSAB), Иттиҳоди сармоягузорони соҳаи сайёҳӣ (TTYD), Ширкати ҳавопаймоии Туркия (Turkish Airlines) ва дигар ташкилоти тиҷоратию ширкатҳои сайёҳии Туркия имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути самтҳои гуногуни зербахшҳои сайёҳӣ, афзоиши шумораи хатсайрҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии сафир бо раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус
7-уми феврал мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов баргузор гашт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Беларус, дурнамои тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва афзоиши гардиши мол, масъалаҳои ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи савдо ва саноати Беларус, инчунин, натиҷаҳо ва нақшаҳои кории Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Беларусро муҳокима намуданд.
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон
оид ба рушд дар Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов мулоқот намуд.
Таъкид шуд, ки дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Ташкилоти Оғохон назаррас аст. Барои густариши фаъолияти минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нав роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки дар самти дастрасии деҳқонон ба тухмии хушсифати картошка, таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ, навсозии парки ёрии таъҷилӣ ва хадамоти оташнишонӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, дастгирии бахши коммуналӣ, бунёди истгоҳи истеҳсоли барқ аз офтоб, кашидани хатти оби полизӣ, дастгирии барномасозони ҷавон ва ғайра ба манфиати кор хоҳад буд.