L410 NG ДАР ДУШАНБЕ МУАРРИФӢ ГАРДИД
Ширкати чехии LET Aircraft Industries дар ҳамбастагӣ бо Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 27 феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои L410 NG-ро муаррифӣ намуд. Намояндаи LET Aircraft Industries оид ба имкониятҳои техникии ҳавопаймо маълумот дод. Сипас, ҳозирони чорабинӣ, намояндагони Ҳукумати кишвар, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ва хабарнигорон ба парвози намоишӣ даъват гардиданд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон имкониятҳои гуногуни тавсеаи парки ҳавопаймоии худро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ менамояд ва ҳавопаймои L410 NG яке аз пешниҳодоти баррасишаванда мебошад. Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи LET Aircraft Industries-и Ҷумҳурии Чехия боздид ба амал оварда буд. Мақсади сафар ошноӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG ва баррасии масъалаҳои омодасозии кадрҳои техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд. Ҳайати Ширкати “Сомон Эйр”, ҳамчунин, бо намояндагони ширкатҳои содиротӣ – Czech Export Agency ва Корпоратсияи Export Guarantee & Insurance оид ба масъалаҳои маблағгузории харидории эҳтимолии ҳавопаймоҳо вохӯриҳо анҷом доданд.
Ҳавопаймои L – 410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусиятҳои беҳтаршудаи парвозиву истифодабариро доро буда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад, тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)