ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА!!!

РАҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА!!!

12 феврал 2024, Душанбе
21
0

  
Шуруъ аз 29-уми январи соли равон, бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ бо кормандону мутахассисони қишри гуногуни ҷомеа, аз ҷумла кормандони мақомоти давлатӣ, ба роҳ монда шудааст. 
Дар ин самт дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва фаъолзанони пойтахт вохӯрӣ баргузор  гардид. Дар ҷамъомад намояндагон вобаста ба Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа боло рафта, шумораи зиёди занону духтарони лаёқатманду баландихтисос  ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб шуданд. Занону духтарон дар  пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ нақши шоиста доранд.
Таъкид рафт, ки занону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оила нақши арзишманди худро мегузоранд. 
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдоми навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад. Он ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ равона гардидааст.                                                                              

Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив